1. Худоё, бар мурдагону аҳли қабристон шодиву сурур ворид кун!
    Худоё, ҳар фақиреро бениёз бигардон!
    Худоё, ҳар гуруснаеро сер кун!
    Худоё, ҳар бараҳнаеро бипӯшон!
    Худоё, қарзи ҳар қарздореро адо кун!
    Худоё, андуҳи ҳар ғамгинеро бартараф намо!
    Худоё, ҳар ғариби дур аз ватанро ба ватан боз гардон!
    Худоё, ҳамаи асирони дар бандро озод кун!
    Худоё, ҳар фасодеро, ки дар кори мусулмонон ҳаст ислоҳ фармо!
    Худоё, ҳамаи беморонро шифо бидеҳ!
    Худоё, роҳи нуфузи фақр дар зиндагии моро бо дороият бибанд!
    Худоё, ҳоли бади моро бо хубии ҳоли худ тағйир бидеҳ!
    Худоё, қарзи мо адо кун ва моро аз фақр бираҳон!
    Ба ростӣ, ки ту бар ҳар чизе тавоноӣ!

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст