Рӯзе ҳазрати Алӣ (к) дар замони халифа буданаш аз дари дӯкони гӯштфуруше мегузашт.
Қассоб ба он ҳазрат гуфт: Эй Амири мӯъминон, гӯштҳои бисёр хубе овардаам. Агар мехоҳед бибаред.
Фармуд: Ҳозир пул барои хариди гӯшт надорам.
Гӯштфуруш гуфт: Ман сабр мекунам. Шумо пулашро баъд диҳед.
Фармуд: Ман ба шиками худ мегӯям, ки сабр кунад. Агар наметавонистам ба шиками худ бигӯям аз ту мехостам, ки сабр кунӣ, вале ҳоло ки метавонам ба шиками худ мегӯям, ки сабр кунад. Гуфторҳои маънавӣ, саҳ. 262
Албатта авлиёи Худо танбал ва бекор набуданд, балки аҳли талошу кор ва тавлиди сарват будаанд, вале аз худ аз он ба андоза харҷ мекарданд ва бештар ба ниёзмандон кӯмак мекарданд.
Гар бар сари нафси худ амирӣ мардӣ
Бар куру кар ар нукта нагирӣ мардӣ
Мардӣ набувад фитодаро пой задан
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ!
Абӯабдуллоҳи Рудакӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст