Фарҳангу одоби мусулмонон бояд чигуна бошад? Чӣ касе бояд онро танзим кунад?
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) мефармояд:
Касе, ки худро ба ғайри мусулмонон шабеҳ ва монанд кунад аз мо нест. (Наҳҷулфасоҳа, саҳ.663)
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (Каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) фармуд:
Ҳамеша уммати мусулмон ба роҳи хайр қадам мегузорад то замоне ки аз фарҳанг ва одоби кофирон тақлид ва пайравӣ накунад ва агар дар фарҳанг ва одоб аз кофирон пайравӣ кунанд Худованди қодир ононро залилу хор мекунад. (Биҳор, ҷ.79, саҳ.303)
Яке аз нишонаҳои фарҳанг ва одоби мусулмонӣ либос пӯшидани онҳост. Дини мубини Ислом барои пайравони худ аз зану мард меъёрҳои муайянеро барои либос ва пӯшиш дар назар гирифтааст, ки ҳар мусулмоне бояд ба он пойбанд бошад ва ба ҳар андоза ки аз ин аҳком дур бошад ба ҳамон андоза дини худро хароб ва худро аз роҳи саодат дур намудааст. Бар асоси аҳкоми Ислом занон дар назди номаҳрам ва дар ҷомеа бояд тамоми бадани худро ҷуз қурсии чеҳра ва дастон то банди даст ба гунае бипӯшонад, ки таҳриккунанда набошад ва барҷастагиҳои бадани ӯ намоён набошад. Риоят ва амал ба ин қонун боиси ҳифзи арзиши зан, оромишу осоиши рӯҳӣ равонии ҷомеа ва истеҳкоми хонавода мешавад. Ҳар кадоми мо бояд аз худ бипурсем, ки оё мо ба ин фарҳанг ва одоби исломӣ, ки саодати дунё ва охирати мо дар пайравӣ аз он аст, амал мекунем ё бо баҳонаҳои гуногун ба дунболи дурӣ аз он ҳастем? Оё барномае, ки Худованди донову ҳаким ва меҳрубон барои ҳузури занон дар иҷтимоъ ва зиндагӣ танзим кардааст иҷро мешавад ё ҳавову ҳавасҳо бо шиорҳо ва таблиғоти фиребанда ...?
Ҳамаи мо нисбат ба ин масоил масъулем ва бояд назди Худо ҷавобгӯ бошем!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст