Хонавода майдатарин ва дар айни ҳол муҳимтарин ва печидатарин низоми иҷтимоӣ аст, ки бар асоси табиат ва қарордод бино мегардад ва бо дигар низомҳои иҷтимоӣ робитаи дутарафа дорад, яъне асар мегузорад ва таъсир мепазирад. Хонавода ниҳоде аст, ки шахсияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳоро шакл медиҳад.
Аммо он чи дар ин миён дорои аҳамият ва арзиш аст ин ки нақши аввал ва ҳунарпешаи аслӣ ва моҳири ин саҳна зан аст.

Зан кист? Зан ҳамон инсоне аст, ки офариниши воҳиде бо мард дорад, чунон ки Қуръони шариф мефармояд: «Эй мардум, тақво пеша кунед, дар баробари Худое, ки шуморо аз як тан биёфарид ва барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне падид овард».
Вуҷуди зан комилкунандаи вуҷуди мард аст ва баръакс ва ин ду фақат дар канори ҳам комил мешаванд. Худованди бузург аз оғози офариниш ин дуро ба тавре халқ кардааст, ки танҳо бо дар канори ҳам будан ва зери як сақф зиндагӣ намудан, метавонанд ба ҳаёти хубу зебо бирасанд. Ҳар кадом аз зан ва мард бо анҷом додани нақши ҷудогонаи худ, ки аз фитрат онҳо сарчашма гирифта аст, метавонанд зиндагии пурсамареро ба вуҷуд оваранд.
Аммо матлабе, ки шоёни таваҷҷӯҳ аст ин аст, ки нақши зан дар зиндагии муштарак ва хонаводагӣ дар айни ин ки аз аҳамияти бисёр болое бархӯрдор аст, лекин зарофат ва латофати хоссе дорад, ки камтар мавриди таваҷҷӯҳ ва диққати соҳибназарон ва андешмандон воқеъ мешавад. Зеро вуҷуди зан ва нақши бузурги ӯ дар ҳаёти башарро аз даричаи манофеи гурӯҳии худ мавриди тафсиру таҳқиқ қарор медиҳанд. Аммо аз дидгоҳи Ислом таваҷҷӯҳ ба зан ва масоили марбут ба он ҷойгоҳ ва аҳамияти болое дорад. Аз ҷумла Қуръони Карим мефармояд: «Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як нафс офарид ва аз он нафс ҳамсарашро низ офарид, то бо ӯ оромиш ёбад». Ҳмон гуна ки аз ин оят фаҳмида мешавад, зан дар хонавода вазифаи оромиш додан ба шавҳар ва назм додан ба корҳои дохили хонаро дорад.
Оромишеро, ки зан ба мард мебахшад, аз ҳеҷ роҳ ва абзори дигаре наметавон падид овард. Ба гуфтаи Уилл Дюран: зан аз он ҷо, ки марди хаёлӣ ва саргардонро ба марди фидокор ва пойбанд ба хона ва кӯдакони худ табдил мекунад, омили ҳифз ва бақои навъи инсон мебошад.
Аз ин ҳақиқати воло Қуръони Карим хеле зеботар парда бармедорад: «Ва аз нишонаҳои қудрати
ӯст, ки бароятон аз худатон ҳамсароне офарид, то ба василаи онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин пандҳо нишонаҳое аз ҳикмати илоҳист барои онҳое, ки аҳли тафаккуранд».
Оромиши амиқе, ки мардон дар канори занон ва дар оғӯши хонавода меёбанд сабаб мешавад дар партави он киштии зиндагии худро дар дарёи беакарони дунё солим ба соҳил бирасонанд ва изтиробҳою нигарониҳову саргардониҳо аз муҳити андешаи мардон рахт бармебандад. Матлаби дигар ин ки дар хонавода занон мардонро бо масъулияту таклиф ва зобитаманд будан ошно месозанд. Ҳисси вазифашиносӣ ва нармию аз худ гузаштагӣ ва латофатро дар вуҷуди онҳо ҷорӣ менамоянд. Сарпарастӣ ва мудириятро дар хона ба ӯ меомӯзанд ва ӯро ба як навъ худбоварӣ мерасонанд. Ин мавзӯи бисёр муҳимме аст, ки танҳо дар омӯзишгоҳи хонавода ва тавассути мураббӣ ва устоде ба номи зан метавонад ба хубӣ зуҳур пайдо кунад ва тавону истеъдоди мардро ба шукуфоӣ бирасонад. Ин аст нақши ҳамсарии занон дар хонавода.
Аммо арзиши зан дар ин
ҷо хулоса намешавад, балки нақши ҳаётии дигаре низ дорад ва он рисолати модарӣ ва муаллимии аввали башар будан аст. Ин нақш даврони тӯлонӣ дорад, яъне зан аз оғози ташкили нутфа дар раҳим, то охирин лаҳзаҳои ҳаёт, ба ростӣ парваришдиҳандаи фарзанд ва «инсон» аст. Ин ҳақиқате аст, ки танҳо ҳунармандаш зан аст ва ҷуз ӯ каси дигаре наметавонад иҷрокунандаи ин нақш бошад.
Дар Ислом таъкиди зиёде дар бузургии нақши модар шудааст, то пайванди фарзандон бо меҳвари аслӣ ва сутуни асосии хонавода- яъне модар - устувор гардад.
Ҳамчунин мебинем андешамандони дилсӯз, ки дар андешаи сомонёбии ҷомеа ва тамаддуни башарӣ ҳастанд, занонро ба асолати нақши модарӣ тарғибу ташвиқ намуда ва ҳамвора таъкид мекунанд, ки: ҷанҷоли таблиғотии баробарии зан ва мард мабодо занонро аз анҷомо додани комили нақши модар будан боз дорад, ки ин фоҷиаи ҷуброннопазир хоҳад буд. Зарарҳои камбуди ҳузури модар дар фарзандоне, ки модаронашон ба ҳар далеле дар канорашон нестанд ва ё ҳузури камранг доранд, ба равшанӣ қобили мушоҳида аст.
Ҳамаи саодати мо аз домани зан – модар - шурӯъ мешавад. Зан ба далели латофат ва зарофате, ки дорад, эҳсосаш қавӣ мебошад ва ҳамин чиз боис шудааст, ки аз назари тарбиятӣ нисбат ба мард ба хонавода таъсири бештаре дошта бошад. Агар дар тӯли таърих модарони ғаюр ва боҳиммату боирода набуданд, мардони бузург ба вуҷуд намеомаданд. Бинобар ин бесабаб нест, ки бузурге фармудааст: Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад.

 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст