Расули Худо (с) фармуданд: Ҳаркас се духтар (покдоман) ё се хоҳар ро сарпарасти ва бузург кунад, биҳишт бар ӯ фарз мешавад. савол шуд Расули Худо (с) оё сарпарастии ду духтар ва ду хоҳар ҳам ин савобро дорад? Фармуд: Бале.[1]

Савол шуд оё сарпарастии як духтар ҳам чунин савобе дорад?

Фармуд: бале.

Ва ҳамчунин фармуд:

مَن كانتْ لَه ابنةٌ فأدّبَها وأحْسَنَ أدَبها ، وعلّمَها فأحْسَنَ تعليمَها ؛ فأوسَعَ علَيها مِن نِعمِ اللّه ِ الّتى أسبَغَ علَيهِ ، كانَتْ لَه مَنَعةً وسِتْرا مِن النّارِ .

"Касе ки духтар дошта бошад ва ӯро хуб тарбият намояд ва аз назари илм ӯро хуб таълим диҳад (ва аҳкоми исломиро ба ӯ ёд диҳад) чунин духтаре монеи расидани оташи дузах ба падар ва модар хоҳад буд".[2]


[1]. Макорим-ул-ахлоқ, саҳ 219.

[2]. Канз-ул-уммол, ҷ 16, саҳ 452, ш 45391.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст