Яке аз арзишҳои ахлоқӣ, ки дар Ислом бисёр ба он таваҷҷӯҳ шуда аст арзиши ифоф аст. Дини Ислом ба чанд мавзуъ аҳмияти хоссе дода аст ва барои касоне, ки бо инҳо нофармони кунанд азоби сахте қарор дода шуда аст. Дар инҷо ба чанд намуна аз онҳо ишора мешавад:
1 – "Ҳифзи дин" ва барои касоне, ки аз дин хориҷ мешаванд ва ё мункири зарурати дин шаванд ҳукми эъдомро қарор дода аст.
2 – "Ҳифзи ақл" ва барои касоне, ки бо хурдани шароб ба ақли худ зарба мезананд ҳадди хоссе қарор дода аст.
3 – "Ҳифзи мол" ва барои касоне, ки бо дузди ҳурмати моли дигаронро аз байн мебаранд ҳадди дуздиро қарор дода.
4 – "Ҳифзи ифоф" ва барои касоне, ки бо зино ва фаҳшо мехоҳанд ин ҳаримро бишкананд ҳадди зиноро қарор дода аст.
Ба Паёмбар (с) хабар расид, дар Мадина ду нафар ба номҳои "Ҳабат" ва "Монеъ", ки аз инсонҳои бераҳа ҳастанд назди мардон нишаста, аз сифатҳои занон ва либосҳои онҳо гап мезананд ва бо суханони шаҳват ангез, ҳавасҳои олударо таҳрик карда, ба ҳарими ифоф таҷовуз мекунанд. Паёмбар (с) онҳоро фарёд кард ва аз Мадина ба маҳалле ба номи "Ал-авоё" табъид кард. онҳо фақат рӯзҳои ҷумъа барои хариди ғизо ва ашёи зарури ба Мадина меомаданд ва сипас ба табъидгоҳашон боз мегаштанд.[1]
Ифоф дар ривоёт, ҷойгоҳи хоссе дорад, ки ба чанд намуна ишора мешавад.
Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд:
أفضَلُ العِبادَةِ العَفافُ
"Беҳтарин ибодат покдомани аст"[2].
Ҳамчунин мефармояд:
مَا الْمُجَاهِدُ الشَّهِيدُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَعْظَمَ أَجْراً مِمَّنْ قَدَرَ فَعَفَّ لَكَادَ الْعَفِيفُ أَنْ يَكُونَ مَلَكاً مِنَ الْمَلَائِكَةِ ؛
"Муҷоҳиди дар роҳи Худо савобаш бештар аз касе нест, ки қудрат бар гуноҳ дорад аммо гуноҳ намекунад, чунин шахсе наздик аст фариштае аз фариштагони Худо бошад"[3].
Имрӯза дар ҷаҳон, ифоф ба унвони як арзиш шинохта намешавад, ҳатто дар кишварҳои исломӣ, дар баъзе кишварҳои исломӣ занони афиф ва покдоман хор ҳастанд ва шароит ба гунае аст, ки занони покдоман натавонанд дар иҷтимоъ ҳузури фаъол дошта бошанд ва гоҳе расман аз рафтани ба хеле аз маконҳо маҳрум мешаванд.[4]
[1]. Баҳор-ул-анвор, ҷ 22, саҳ 88.
[2]. Сафинат-ул-баҳор, ҷ 2, саҳ 207.
[3]. Наҳҷ-ул-балоға, қисор 482.
[4]. Иффат ва покдоманӣ дар Ислом, Маҳмуд А.