Ҳар касе дар дунё барои ҳар коре усва ва улгуе дорад, баъзе аз занҳо ҳунармандонеро усваи худ интихоб кардаанд. Баъзе (мардон) футболистҳо ва варзишкорон ... ва баъзеҳо ҳам баъзе аз афроди ҷомеаро ба унвони улгу ва усваи худ қарор додаанд.

   Аммо беҳтарин ва комилтарин ва зеботарин ва бо фазилаттарин усва ва улгуи занони олам, биби Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аст, ки он бонуи ду олам усвае барои тамоми наслҳо ва замонҳо мебошад. Ҳар зане, ки аз маърифати Фотимаи Заҳро (с) сероб нашуда, дар ёдгирифтани маърифатҳо ва ҳақоиқи ин дарёи муҳаббат ва маваддат муваффақ нашудааст ва ба ҳамин хотир дар ҷаҳл ва сиёҳӣ ва нодонӣ ғарқ аст.

  Инсон барои расидан ба камол ва тамоми хубиҳо ниёз ба улгу дорад то меъёрҳои зиндагии моддӣ ва маънавии худро аз он бардошт намояд.

  Тамоми донишмандон эътиқод доранд, ки инсон ҳатман бояд улгу ва усва барои худ дошта бошад ва асосан улгу доштан дар зоти инсон қарор дорад то барои такомули худ,  барои рафъи рӯҳ аз костиҳо ба тарафи он ҳадаф ва улгуи худ ҳаракат кунад. Ин ниёз дар тамоми мавҷудот дида мешавад, масалан моҳ ба гирди замин мегардад ва замин ба гирди офтоб ва офтоб ҳам дар ҳадафи мушаххас дар улгуи муносиб дар ҳаракат аст.

وَالشَّمْسُ تَجْرِي لِمُسْتَقَرٍّ لَهَا ذَلِكَ تَقْدِيرُ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ[1]

"Ва офтоб ба сӯи ҷойгоҳаш дар ҳаракат аст ва он тақдири Худои бо иззат ва олим аст".

Ва Офтоб ба гирди каҳкашони роҳи шири ва каҳкашон ҳам дар ҳаракат аст. На танҳо дар ин сайёрот балки дар ашёъе, ки дида намешаванд низ улгу бардори вуҷуд дорад. Масалан дар атом электронҳо ба гирди ҳаста мечарханд ва ҳамчунон селул низ тамоми дастуроти худро аз мағз мегирад ва ҳар коре ки анҷом медиҳад бахотири фармони мағз аст ба ҳамин хотир мо инсонҳо низ бояд ингуна бошем улгуе барои ҳаракат басӯи ҳадафи худ дошта бошем ва бо таваҷҷӯҳ ба он басӯи ҳадафи мушаххас шуда ҳаракат намоем ва ҳаракати бидуни усва ва улгу мумкин нест ва аз тарафи дигар дар инсон як ташнаги ва алоқае барои расидан ба ҳақиқат вуҷуд дорад, ки ба осони хомуш намешавад магар инки ба он бирасем вале ҷои таассуф аст, ки алоқае ки имрузҳо дар башар вуҷуд дорад басӯи моддиёт ва ашёъи бад кашида шуда аст. Масалан як гуруҳ ташнагии даруни худро ба василаи ҷамъ кардани мол ва моддиёт мешикананд, ки моддиёт фақат ҳолати сокит кардани дард ро дорад на дармони онро.

Гуруҳи дигар хостаҳои дарунии худро бо дустдоштани қудрат ва ҳукумат талаби посух медиҳанд, ки ҳамеша онҳо дар ҳолати ноороми ҳастанд ва ба таври комил ҳам қонеъ намешаванд.

 Як гуруҳи дигар ҳам хостаҳои дарунии худро дар шаҳватрони меҷӯянд ва баъд аз муддате мефаҳманд, ки ин кор хостаи онҳоро сад дар сад ҳал накарда аст ва роҳро иштибоҳ рафтаанд.

Ва гуруҳи дигар ҳам роҳи ҳалли хостаҳои дарунии худро дар маънавиёт медонанд ва дар он пеш мераванд ва ба камолот мерасанд.

 Лизо Худои Таоло дар рӯҳи бузурги башар як хост ва як ташнагии махсус нисбат ба касби камолоти рӯҳи ва маънавият қарор дода аст, ки баҷуз он аз паи ҳар хостаи дунёи дигар бираванд хостаи ҳақиқии дилашон ирзоъ намешавад. Пас мебинем, ки пулдортарин шахси дунё ҳам оромиш надорад ва агар дар назди ӯ бишинед ва аз ҳолоти дарунии ӯ бипурсед оромиши комил ва лозимро надорад.

Идома дорад.


[1]. Сураи Ёсин, ояти 38.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст