Паёмбари бузургвори Ислом (с) ба ибни Аббос фармуданд:

بَيْتٌ لا صِبْيانَ فيهِ لا بَرَكَةَ فيهِ؛

“Эй ибни Аббос! Хонае, ки дар он кӯдак набошад, хайр ва баракат надорад.[1]

1-    Гуле аз гулҳои биҳишт

Сакунӣ аз Паёмбари Акрас (с) чунин ривоят мекунад.

اِنَّ الْوَلَدَ الصّالِحَ رَيْحانَةٌ مِنْ رَياحينِ الْجَنَّةِ؛

“Фарзанди солеҳ гуле аз гулҳои биҳишт аст.”[2]

2-    Ҷигаргӯшаи мӯъмин

Паёмбари Акрас (с) фармуданд:

اَلولَدُ کَبِدُ الُمومن إن ماتَ قَبلَهُ وَ صارَ شفیعاً لَهُ و اِن ماتَ بَعَدهُ یَستَفِرُ لَهُ فَیغفرُ اللهُ لَهُ

“Фарзанд ҷигар гӯшаи муъмин аст, агар пеш аз падар бимирад, барояш шафоат мекунад ва агар баъд аз падар бимирад, барояш истиғфор мекунад ва Худованд бар асари истиғфори фарзанд, падарро мебахшад.”[3]

3-    Меҳр варзидан ба фарзандон роҳи расидан ба дараҷот ва неъматҳои биҳишт.

Паёмбари бузургвори Ислом(с) фармуданд:

قَبِّلُوا اَولادَکمْ فَاِنَّ لَکمْ بِکلِّ قُبْلَةِ دَرَجَةٌ فی الْجَنَّةِ ما بَینَ کلِّ دَرَجَتَینِ خَمْسَمِأَةِ عَامٍ

“Фарзандони худро бибӯсед, зеро барои ҳар бӯсае, ки ба фарзандон мезанед, як дараҷа дар биҳишт хоҳед дошт, ки фосилаи ҳар дараҷа, то дараҷаи дигар ба андозаи пансад сол роҳ аст.”[4]

Масъулияти волидайн дар қиболи фарзандон аз манзари Қуръон ва ривоёт, Ҳ. Саид.

 


[1]. Ҷалолуддини Суютӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис, ҷ 9, саҳ 118.

[2]. Макорим-ул-ахлоқ, саҳ 218. Канз-ул-уммол, ҷ 16, саҳ 270.

[3]. Мустадрак, ҷ 15, саҳ 270.

[4]. Макорим-ул-ахлоқ, саҳ 220.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст