Ятимону фақирон дар сираи Амири мӯъминон

Ислом ҳамчун дини комил шахсиятҳоеро баъд аз Расули Худо(с) ба ҷомеаи инсонӣ тақдим карда аст, ки бо тарбияти дин ва шариат, омӯзаҳои дини исломро дар амалҳам нишон додаанд.

Яке аз он шахсиятҳое, ки аз авлиё ва муқаррабони Худои раҳмон ва Расул ва аз аъзаму афзали асҳобу ёрони Паёмбар(с) буд ва дар амал ончи аз сира ва шариати набавӣ омӯхта будро ҷорӣ мекард Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб аст.

Ҳазрати Алӣ бо касбу дарки ҳазорон боб аз илму ҳикмати осмонии ҳазрати Расул(с) таҷассуми адлу ҳақ ва дар як калом мазҳари шариати набавӣ гашта буд. Чунон, ки Расули Худо(с) ва асҳобу ёрони он ҳазрат ӯро азим ва азиз мешумориданд. Душманони он ҳазратҳам ба дараҷоту манзалати болояш қоил будаанд ва дар гуфтору кирдори шайтонии худҳам ба онҳо ишора ва дар муқобила бо он талошҳо мекарданд.

Дар бораи мавзӯе, ки мехоҳем гуфторе дошта бошем аз он ҳазрат сухану гуфтор ва амалу гуфторҳои зиёде нақл шуда аст, ки бе ҳамто ва хосси он ёри бовафои Расли Худо(с) буда аст ва агар дигарон амал карда ва мекунанд бар асоси улгубардори аз он ҳазрат мебошад.

Алӣ(к) аз Аҳли байти Паёмбар(с) , ёрону асҳоби солиҳ, содиқ ва бо вафои паёмбари Худо(с) дар гуфторе мефармояд:

Худоро Худоро дар бораи ятимон! Ҳаққи онҳоро аз сарвати худатон адо кунед!.

Ятимон ҳамчун қишре аз бечорагону бе сарпарастон, ки ба навъе фақиру нотавон ҳастанд дар сираи он ҳазрат, ки аз Расули Аъзам(с) омухта буд, соҳиби ҷойгоҳу эҳтироми хос ва дорои ҳаққе дар молу сарвати дорандагони ин неъмати худоӣ ҳастанд. Бо ёдоварии ин ҳақ ба мардум ва тазаккур ба номи Худо таъкид мекунад то фаромуш нашаванд.

Он ҳазрат дар зиндагии худ, дар ин замина ҳам мазҳари амал ба фаромину омӯзаҳои динӣ буда аст ва дар ривоёту таърихи ислом ҷойгоҳи хоссе дорад ва усва барои дигарон аст.

Дар зиндагонии он ҳазарт ва дар замони Раслуи Аъзам(с) хайроту баракоте, ки он ҳазрат барои нодорону ятимон доштанд дар таърих зиёд аст ва ин ҳолат баъд аз онҳам ба хусус дар замоне, ки дигар масъулияти расмӣ дар ҳукумату хилофат надошатанд зиёдтар буда аст. Он ҳазрат бо истифода аз заминҳои хушку бе об, чоҳ ва дарахтзорҳои зиёдеро эҷод ва аз музди онҳо ятимону фақиронро таъмин мекарданд. Баъзе аз ин боғҳо, ки аз хурмо ва чандин чоҳ иборат буд ҳамакнун ҳам дар атрофи Мадина вуҷуд доранд.

Яке аз амалҳое, ки он ҳазарт усва дар он шудаанд, ёрирасонии бе ному нишон ба дигарон аст. Ҳазрати Алӣ(а) гоҳ шабона ва гоҳ рӯзона ба хонаводаҳои бесарпарасту нотавон ва ятимону бе касон мепардохтанд ва барои онҳо таом ва хӯрокиҳои лозимро мерасонданд. Албатта дар ҳамин ҳол он ҳазрат дастархонаш бо камтарин ва поинтарини таомҳо гушода мешуд.

Дар замони хилофат ҳам ин амалро боз беҳтару густардатар амалӣ мекарданд ва бо истифода аз имкониятҳои ҳокимияти ҳақро ба соҳибонашон мерасонд ва шабҳоро ба расондани таъом барои нотавонону ятимон мегузаронданд.

Нақл аст, ки он ҳазрат вакте ба шаҳодат мерасад, гурӯҳе аз ятимону фақирон ҳамчунон мунтазири расидани он марди но ошно барои расондани таъоми шабашон буданд, ғофил аз ин, ки ризқрасонашон ба лиқои илоҳӣ ва ба канори Расули Худо(с) рафта аст. Ва ин ба сабаби анҷоми ин амали хайр бо чеҳраи ноошно ва дур аз миннат буда аст, ки дарёфткунандагони хайроту баракот аз дасти он ҳазрат намефаҳмиданд он шахс халифаи муслимин, Амири мӯъминон Алӣ(к) аст.

Ҳазарати Алӣ(к) дар каломи худ мефармояд: дар сарвату неъмате, ки доред фақиронро ҳаққест, ки аз он ғофил нашавед ва агар касе аз онҳо худро ошкор ва талаби ёрӣ мекунад бидоне, ки гурӯҳе ба хотири иззату шарафашон фақру ниёзашонро ошкор намекунанд, пас набояд аз онҳо ғофил шавед то назди Худои мутаъол посӯх дошта бошед. Он ҳазрат дар ин бора мефармояд: Барои ин, ки аз он гурӯҳ ғофил нашавед шахсеро, ки мавриди эътимоди шумо бошад ва битавонад онҳоро шинохта ва ёрӣ намояд таъйин кунед, то он корро анҷом диҳад.

Имрӯза яке аз нодориҳои инсонҳо надоштани илму амали онҳо дар баробари шариату дин аст, ки инсонҳои доро ва соҳиби ин сарват, яъне олимону огоҳони илму адаб, дину ҳикмат ва... масъулу муваззаф ҳастанд ин фақрро аз миён бардоранд ва инсонҳои нодорро ҳамчунон, ки аз назари молӣ таъмин мешаванд аз назари рафтору кирдор ва фикру амалашонҳам таъмин намоянд.

Натиҷагири:

Ончӣ аз гуфторамон бардошт хоҳем дошт ин аст, ки инсонҳо ё доро ҳастанд ва ё нодор. Ин дороӣ ё аз назари молӣ аст ва ё аз назари маънавӣ. Онҳое, ки мол доранд ва ин неъмати илоҳиро дар ихтиёр гирифтаанд бояд дигаронро аз баракати сарваташон баҳраманд намоянд, ки ба фармудаи ҳазрати Алӣ(а) дар ҳақиқат ҳаққи онҳоро бояд бидиҳад. Ва онҳое, ки аз назари илму шариат дороӣ доранд бояд ба касоне, ки дар ин соҳа нодор ҳастанд аз сарвати худ баҳра диҳанд ва онҳоро ба шариату ҳақиқат огоҳи бахшанд, ки инҳам аз ҳаққе аст, ки нодорон бар уҳдаи аҳли илму шариат доранд.

Дар ҳақиқат инсонҳои фақир, чи фақри моддӣ бошад чи маънавӣ, бар шахсоне, ки доро ҳастанд ҳаққе доранд ва Худои Мутаол дар рӯзи қиёмат аз инсонҳое, ки он неъматро доранд ва ба дигарон надодаанд савол хоҳад кард.

Поянда ва сарфароз бошед

Сайидбурҳон Акбар

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст