Тақво ва покдоманӣ заминаи амният ва оромиши ҷомеа

Сайид Акбарзода;

Яке аз нишонаҳои мӯъминон тақво аст, яъне парҳез аз гуноҳ , дурӣ аз фисқу фасод, пешгирӣ аз гуноҳ бо гуфтору рафтор, таълиму тарбият хариду фурӯш ва ҳар ончӣ дар зиндагии рузонаи худ дорем бар асоси шаръу Ислом.

Инсони бо тақво агар хато ва гуноҳе анҷом диҳад онро бо тавба ҷуброн мекунад.

Осори тақво: оромиши иҷтимоъӣ

Тақво яке аз сифати олия ва боло инсонист, ки сабаби рушд ва авҷи имон аст. Инсони муттақӣ ба фармудаи Худои Мутаол дар оромишу амният аст:

الَّذِينَ آمَنُواْ وَلَمْ يَلْبِسُواْ إِيمَانَهُم بِظُلْمٍ أُوْلَئِكَ لَهُمُ الأَمْنُ وَهُم مُّهْتَدُونَ ‏[1]

Яъне: Касоне, ки имон оврданд ва онро бо зулм –бе тақвоӣ – ҳамроҳ накунанд дар амният ҳастанд ва онҳо ҳидоят ёфтагонанд.

 

Бар асоси ояти зикр шуда имон асл аст амо то вақте, ки онро бо зулм, ки боризтарин бетақвоист ҳамроҳ накрда бошад.

Дар ҳақиқат зулм ва ҳамроҳии тақво бо имон сабаби амнияти фардои ҷомеа мешавад чун инсонҳои ботақво ҳақ ва ҳуқуқи дигаронро риоят мекунад, лизо ба ҳамдигар имон ва итминон доранд .

Худои Мутаол дар боби касоне, ки тарки тақво кардаанд ва он оромишу амният ва ризқу рӯзиеро, ки доштанд аз даст доданд. мефармояд:

" و ضرب الله مثلا ً قریة ً کانت امنة ً مطمئنة ً یاتیها رزقها رغدا ً من کلّ مکان ٍ فکفرت بانعم الله فاذاقها الله لباس الجوع و الخوف بما کانوا یصنعون" [2]

Дар ин оят қиссаи қавмест, ки ба сабаби имону тақво дар неъмату оромиш буданд, аммо замоне расид, ки куфри неъмат карданд ва тақворо фаромуш карданд. Худованд мефармояд: Хавфу тарс ва ноамниро ба сабаби он корашон,(ки гуноҳ ва бе тақвоӣ буд) ба онҳо ворид кардем ва зиндаги иҷтимоъии онҳо ноором гашт ва ин ба сабаби дури аз тақво буд.

[1] Сураи Анъом , 82.

[2] Сураи Наҳл, 112.

Поянда ва сарфароз бошед

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст