1. قال علی )کرم الله وجهه:(
  2. كل يوم لا يعصي الله فيه فهو يوم عيد
  3. Ҳар рӯзе, ки Худованд дар он нофармонӣ нашавад он рӯз ИД аст
  4. Ислом ба зоти худ надорад айбе
  5. ҳар айбест дар мусалмонии мост!
  6. Ислом дини мубин ва аз рӯзи беъсати расули хотам то рӯзи мавъуд ҳодӣ ва роҳнамои башарият аст. Агар бар ин ақида бошем пас бояд барои зиндагии иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии мо ҳам барнома дошта бошад! ҳол метавонад касе иддао кунад, ки дар ин дин ниёзҳои фитрии инсоният нодида гирифта шуда аст?!

  7. Яке аз ниёзҳои фитрии инсон, ки дин на мухолифат, балки роҳнамоиҳам дошта аст ҷашну сурурҳои миллию мазҳабӣ ба ҷиҳати бо нишоту сарзинда гаштани ҷомеъаи исломӣ ва анҷоми вазоифи динии худ дар ростои хидмат ба миллату давлаташон аст. Давлату миллате, ки худопарастиро сарлавҳаи зиндагии худо доранд бояд бидонанд ва медонанд, ки дар ислом натанҳо барои рӯзҳое ҳамчун РӯЗИН ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ, РӮЗИ ИЗДИВОҶУ ТУЙ, РӮЗИ ИДУ СУРУР, ва... мухолифате надорад, балки онро сабаби рушди дустию наздикӣ дар роҳи анҷоми вазифаи бандагии Худованди Маннон медонад ва онро ба унвони СИЛАИ РАҲИМ дар канори фароизу вазоифи динӣ матраҳ намуда аст.
  8. Яке аз ҷашнҳо ва рӯзҳое, ки бо таассуф охирҳо дар байни миллати мусалмони моҳам зиёд шуда аст рӯзи Зан ё Модар аст! рӯзе, ки бо таассуф касе аз моҳияту ҳақиқати он ва ҳатто ин, ки аввал бо чи ҳадаф буд ва баъдҳо бо чи ҳадафе густариш дода шуд ва пушти саҳнаи он чистро барои мо ошкор накарда аст ва агар ҷое ҳам инкор шуда бошад чунон таваҷҷуҳ намегардад.
  9. Албатта шахсан ин боварро дорам, ки сабаб аз бетаваҷҷуҳии мардум ин бошад, ки нақд кунандагон ва касоне, ки ин гуна маросимҳоро рад мекунанд ҷойгузине барои он матраҳ намекунанд ва ҳамчун даҳҳо ҳароме, ки мардумро аз он манъ мекунем ва ҷойгузине барояш надорем! гуруҳе аз шинидани он мегурезанд. Чи беҳтар буд олимони динии моҳам бо шинохти амиқи дин ва миллат роҳкорҳои худро ироа намоянд.
  10. ҲАҚИҚАТ ИН АСТ, КИ КАСЕ ИДДАО НАДОРАД ДИНИ ИСЛОМ МОНЕИ ЗИНДАГИИ ФАРҲАНГИЮ МИЛЛӢ БО ҶАШНУ СУРУРҲОИ МАҲАЛӢ АСТ!, БАЛКИ ДАР ЧОРЧУБАИ ДИН РОҲКОР ДОШТА ВА ДОРАД. ПАС БОЯД РОҲКОРУ РАФТОРИ ИСЛОМИ ҲАМ БАЁН ГАРДАД ТО ЗИНДАГИИ БЕГОНАГОНРО САРЛАВҲАИ ЗИНДАГИИ ХУД ҚАРОР НАДИҲЕМ.
  11. Гуянда ба ин ақида аст, ки рӯзҳое ҳамчун РӯЗИ ПАДАРУ МОДАР ва ҳатто РӯЗИ ЗАНУ МАРД дар ислом замина дорад. Ҳамчун рӯзҳои ТАВАЛЛУДУ ИЗДИВОҶИ РАСУЛИ ХУДО(с) ВА БИБӢ ХАДИҶАИ КУБРО, ки метавонад истифодаҳои беҳтаринро дар роҳи густариши фарҳангу боварҳои Исломӣ ва аз тариқи баргузории маросими бузургдошт ва додани ҳадя ва табрикот ба занону мардон ва падарону модарон ва ёдоварии шахсияти он инсонҳои худоӣ дигаронро ба пайравии беҳтар аз онҳо роҳнамои намоем.
  12. Дар миёни мусалмонони кишварҳои исломӣ рӯзҳое ҳамчун рӯзи зану мард ва падару модар қайд гирифта мешавад, ки ба унвони мисол рӯзи ЗАНУ МАРД дар Сурия, Лубнон, Эрон ва... рӯзе аст, ки ҲАЗРАТИ ФОТИМА ТАВАЛЛУД ЁФТА АСТ ва дар он рӯз туйҳо ва издивоҷҳо ва табрикоту ҷашнҳо баргузор мегарданд.Давлатҳам ба саҳми худ барои мардону занон ҳуқуқҳои иловагиро дар ин рӯзҳо ҳадя мекунанд ва... .
  13. Дар инҷо бе он, ки қазовате бар матлаби нависандаи зер дошта бошем онро ба ҷиҳати онки дар ҳамин замина аст, барои хонандагони азиз пешкаш мекунем. Бошад, ки дигаронҳам бо изҳори ақида ва назар дигаронро баҳраманд намянд.
  14. Мунтазири назари шумо ҳастем!
  15. Поянда ва сарфароз бошед.

 

 

  1. Навиштаи зер аз сомонаи ҲНИТ гирифта шуда аст.

  2. Рӯзи Зан ё рӯзи Модар ва зани тоҷик
  3. Ҳар сол 8-март ҳамчун рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзе, ки дар кишвари мо камтар аз пайдоиши он хабар доранд. Аммо онро тақрибан мисли «рӯзи ошиқон» ё ҳамон «рӯзи валентина» ҷашн мегиранд. Агарчӣ дар замони шуравӣ ин рӯз бо шукӯҳ ва шаҳмати хоссе ҷашн гирифта мешуд, вале дар он замон ҳам занони тоҷик аз он чандон огоҳӣ надоштанд. Аммо чанд солест, ки ин рӯзро дар кишвари мо ҳамчун рӯзи модар эълон кардаанд. Рӯзе, ки шояд бо ин исм чандон таносуб надошта бошад. Зеро 8-март ҳеҷ рабте ба модар надорад.


  4. Таърихчаи 8-март
  5. Ин рӯзро аз соли 1911 то имрӯз ҷашн мегиранд. Ҳадафи он баробарҳуқӯқии зану мард ва додани ҳаққи раъй ба занон ва имтиёзоти бештаре мисли мардон барои занон буд. Дар ин рӯз беш аз 1 миллион нафар дар кишварҳои Олмон, Утриш, Шветсария, Дания ва чанд кишвари дигар роҳпаймоӣ карданд, то баробарҳуқӯқии занону мардонро ба ҳама эълон кунанд. Агарчӣ гуфта мешавад, ки дар Амрико пештар яъне дар соли 1908 ин кор оғоз шудааст, вале расман дар соли 1911 буд, ки ин рӯз ҳамчун як рӯзи занон шинохта шуд ва дар соли 1975 Созмони Милал ҳам онро рӯзи байналмилалии занон эълон кард. Аҳамияти имсолаи рӯзи байналмилалии занон дар он аст, ки 100 солагии ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Ба ҳамин хотир барномаҳои мухталиф дар кишварҳои гуногун дар назар гирифта шудааст. Яке аз ин барномаҳо «дар пул бо мо бипайванд» буд. Тибқи ин барнома дар ҳар кишваре занон бояд ба болои пул мерафтанд ва аз онҷо хостаҳо ва ҳарфҳояшонро ба мардум мерасонданд. Ин барномаро созмони Амрикоии «занон барои занон» тарҳрезӣ кардааст.

  6. Занони тоҷик ва 8- март
  7. Дар ҳоле, ки дар тамоми ҷаҳон 8-март ҳамчун рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта мешавад, занони тоҷик ҳам онро ба гунае ҷашн мегиранд. Аммо ҳуқӯқҳои онҳо то чӣ андоза дар кишвари мо таъмин аст? Оё занон ҷойгоҳи воқеии худро дар ҷомеаи мо пайдо кардаанд?
    Ин саволест, ки таҳлил ва тафаккури амиқро металабад. Зеро дар
    ҷомеаи мо баъзеҳо озодии занонро танҳо дар тарзи либоспушии зоҳирии онҳо медонанд ва гурӯҳи дигар бошад, озодии занро дар миёни пахтазору пешхидматии ресторанҳо ва руфтани кӯчаҳо хулоса кардаанд.

  8. Истисмор ба номи озод
    ӣ ва истеъмор ба номи дин
  9. Аз тарафи дигар ба хотири суннатӣ будани бофти ҷомеаи мо як гурӯҳ ба исми озодии занро танҳо дар дохили хона ва тарбияи фарзанд мебинанд. Ба иборати дигар метавонем бигӯем, ки занон дар ҷомеаи мо аз 2 навъи табъиз ё ҳуқӯқпоймолкунӣ ранҷ мебаранд.
    А) Аз замоне, ки мавзуъи озодии занон ба гунаи аврупоии он дар
    ҷавомеъи башарӣ матраҳ шудааст, як гурӯҳ бо ҳамин шиор ба истисмори занон пардохтаанд. Онҳо озодии занонро танҳо дар урён ва ё нимбараҳнагии онҳо таъбир кардаанд. Зеро ин кор ба нафъи ин гурӯҳ будааст. Барои мисол онҳо аз ин ҳолати занон барои таблиғоти колоҳои тиҷории худ истифодаи калон мебаранд. Агар шумо ба огоҳиҳои таблиғотии ширкатҳои тиҷорӣ нигоҳ кунед, аксари онҳо аз аксҳои нимаурёни занон истифода мекунанд. Тақрибан колое, вуҷуд надорад, ки акси занон дар он ба гунае нақш нашуда бошад. Инчунин дар тарабхонаҳо ва клубҳои шабона аз занон ба таври васеъ истифода мешавад ва ҳамаи ин ба номи озодии зан унвон мешавад. Ҳатто агар наздиктар нигоҳ кунем, мебинем, ки дар кишвари мо аз занон дар дохили пахтазор, ресторанҳо , тарабхонаҳо ва ҳатто нуқтаҳои фурӯши бензин ва дигар ҷоҳо ба исми озодӣ ичтифода мешавад. Дар ҳеҷ кишвари дигаре манн надидаам, ки роҳрубҳояш занон бошанд.
    Б) Аз тарафи дигар як гур
    ӯҳ аз мардум ба номи ислом ҳуқӯқи занонро поймол мекунанд. Масалан ҳамеша ба ин нукта ишора мешавад, ки зан бояд ходими мард бошад ва шавҳари худро эҳтиром кунад. Дар муқобил ба ҳуқӯқҳои зан камтар пардохта мешавад ва аз эҳтироми зан қариб, ки сухане намешунавем. Ҳатто издивоҷҳои иҷбории кишвари моро ҳам ба дин нисбат медиҳанд, дар ҳоле, ки ислом чунин кореро на қабул дорад ва на ҷоиз мешуморад. Маҳрум кардани занон аз таълим ҳам ба ҳамин нигоҳ бастагӣ дорад. Баъзеҳо хушунатҳои мардон бар зидди занонро ҳам таъбири динӣ мекунанд, ки аслан дуруст нест. Ислом ба занон ҳуқӯқи озодии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва шахсиро додаст, вале дар чорчубаи мушаххас. Агар зан аз ҳуқӯқҳои худ ва меъёрҳои исломӣ огоҳ бошад, метавонад озодии худро ҳифз намояд. Набояд зулми мардон дар ҳаққи занонро таъбири динӣ кард. Балки бояд ба ҷанбаи каромати занон дар ислом бештар диққат намуд.
  10. Нигоҳи мардон ва бовари занон
  11. Бо ин ҳисоб метавон чунин натиҷа гирифт, ки мушкилоти занони мо дар ҷомеа ҳам ба мардон марбут мешавад ва ҳам ба занон. Мардон ба занон ду навъ нигоҳ доранд. Як гурӯҳ занонро ба унвони василаи хушгузаронӣ ва саргармиву таблиғот нигоҳ мекунанд ва як гурӯҳ ҳам ба унвони ходим ва инсони дараҷаи дуввум. Ин нигоҳ агарчӣ гуфта нашавад ҳам амалан роиҷ шудааст. Ширкати хеле заифи занон дар идораи умури тиббӣ ва таълимӣ ва дигар корҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ далели ин гуфтаҳост.
    Аз тарафи дигар бовари худи занон ба худашон ҳам муассир аст. Занҳо дар ҷомеаи мо ба худашон чандон боварӣ надоранд. Ташкилотҳои занон дар ҷомеаи мо хеле заиф ҳастанд ва дар як сатҳи хуб фаъол нестанд. Агар онҳо нисбат ба ҷойгоҳ ва мақоми худ боварӣ дошта бошанд, огоҳии худро дар ҳар заминае боло баранд, мутмаиннан нигоҳи мардон ҳам ба онҳо дигар хоҳад шуд. Яъне занон бояд барои ҳуқӯқи худ бештар талош кунанд. Махсусан дар бораи мақоми зан дар ислом бештар огоҳӣ пайдо кунанд ва нагузоранд, ки мардон ба номи дин ҳар чизеро ба онҳо таҳмил кунанд. Ислом дар хонавода эҳтиром, муҳаббат, адолат ва баробариро асл қарор додаст на чизи дигарро.
    Бинобарин бояд занон аз лиҳози илм
    ӣ ва фикрӣ дар як сатҳи хуб қарор гиранд ва мардон дар ин замина ба онҳо кумак намоянд. Зеро зани донишманду огоҳ фарзанди андешаманд тарбият мекунад. Бо баҳонаҳои сунъие чун русариву ҳиҷоб набояд монеи илмандузии занон шуд. Инчунин аз лиҳози равонӣ зане, ки худро ходим ва ғулом эҳсос кунад, ҳамон эҳсосро ба фарзандаш мунтақил мекунад. Зан бояд адолат, озодӣ ва баробариро дар хона худ эҳсос намояд то битавонад онро ба фарзандонаш мунтақил кунад. Ҷомеае , ки занонаш эҳсоси зиллат ва ғуломӣ дошта бошанд наметавонад дар оянда озодӣ ва каромати худро ҳифз намояд.
    Гузашта аз ин занон аз лиҳози равон
    ӣ мардро душмани худ мепиндоранд ва як зеҳнияти баде дар онҳо пайдо мешавад, ки имкон дорад дар оянда як ҳаракати шадиди зидди мардонро ба роҳ монанд. Мисли ҳаракати фиминистии занон дар ғарб.
    Аммо бо ву
    ҷуди ин ман ҳам ин рӯзро ба ҳамаи занон ва модарони кишварам табрик мегӯям. Ва орзуи онро мекунам, ки каромати аслии занон дар ҷомеаи мо ҳифз шавад.
  12. http://nahzat.tj/

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст