Муқаддима

Яке аз мосоиле, ки дар заминаи тарбияти динӣ ва маънавӣ Кӯдакон аҳамият меёбад, шиваи ошноии онон бо китоби Худо ва паёмҳои осмонист. Дар сираи тарбиятии маъсумон(а) ҳам таваҷҷӯҳ додани Кӯдакон ба китоби илоҳӣ ҷойгоҳи вежае дорад. Паёмбари Аъзам(с) дар ин бора мефармоянд: “Касе, ки пеш аз булуғ Қурон бихонад, ба таҳқиқ дар Кӯдакӣ ба ӯ ҳикмат дода шудааст”[1].

Дар ривояте аз Имом Алӣ(а), ёдгирии Қуръон аз ҳуқуқи фарзандон бар падар шумурда шудааст ва падар мукалафаст дар канори интихоби номи наку ва адабомузӣ ба Қуръономузии Кӯдак ҳам эҳтимом варзад.[2]

Дар бархе аз ривоёт ҳато бо омузиши сураҳои хос ба Кӯдакон суфориш шудааст. Барои намуна дар ривояте аз Имом Содиқ(а) мехонем, ки ба Кӯдакони худ сураи Ёсинро омузиш диҳед, ки ин сура райҳона ва гули Қуръонаст.[3] Вуҷуди чунин омузаҳое дар канори ёфтаҳои пажуҳиши зарурати ошноии Кӯдакон бо Қуръонро ба волидайн гушзад менамояд. Бадеҳист, ки чунин ҳадафи муқаддас ва муҳиме ниёзманди огоҳии бештари волидайн аз фаҳми Кӯдакон аз китоби Худо ва роҳҳои дурусти интиқоли мафоҳими Қурон ва эҷоди унси фарзандон бо Қуръони Каримаст.

Фаҳми Кӯдакон аз китоби Худо

Фаҳми Кӯдакон аз Қуръон дар давраи таҳаввул ва рушт фарқ мекунад. Бар асоси пажуҳишҳои анҷомшуда барои хурдсолон ва Кӯдакони то нуҳсола, аҳамияти китоби илоҳӣ бештар мутаваҷҷеҳи зоҳирии физикии он монанди андоза, ранг, навъи чоп ва истифодаи зиёд аз он мебошад, ки аз дигар китобҳо мутамоиз мешавад. Кӯдакон пас аз ин син то 12 солагӣ Қуръонро китоби бисёр қадимӣ, танҳо китоби комилан дуруст ё китобе медонанд, ки матолибе дар бораи Худо ва Паёмбар аз он меомузанд ва шинохти комилтар нисбат ба давраи пеш аз он ба даст меоваранд. Дар 12 то 15 солагӣ бар ин боваранд, ки Қуръон китоби судманд дар зиндагист, ки ба мо мегуяд чи коре бояд ва чи коре набояд анҷом дод ва дар муқоиса бо китобҳои дигар аз ҳуҷати беш ва боло бархурдораст ва маъорифи динии фаровоне дар он матраҳ шудааст.

Пас аз убур аз ин син ва вуруд ба дунёи бузаргсолон, ки бо булуғ оғоз мешавад фаҳми ин китоб ба манзалаи манбаъи асосии дин, ки аз ваҳй гирифта шудааст таҳаввул меёбад ва бар аҳамияти маънавӣ ва руҳонии он такя мешавад.

Роҳкорҳои иртибот додани фарзандон бо Қуръон

Дар масири парвариши динӣ ва маънавии Кӯдакон ва ошно сохтани онон бо дастуроти илоҳӣ лозимаст ба тадриҷ ва мутаносиб бо синни мухотабони худ Қуръонро ба онҳо муаррифӣ кунед. Барои ин кор лозимаст нахуст Қуръонро вориди зиндагии худ намоед. Ин қонуни аслии эҷоди иртиботи фарзандон ва китоби осбонист.

Роҳбурдҳои зер ба шумо кумак хоҳанд кард то ганҷинаҳои мавриди баҳсро дар ихтиёри фарзандатон қарор диҳед:

  1. Танавуи мавзуоти китоби осмониро мадди назар қарор диҳед.

Қуръон ҳови мавзуоти мутааддид монанди достон, назария, усули ахлоқи, усули эътиқодӣ, ибодоти фардӣ ва монанди инҳост. Агарчи Кӯдакони шумо саранҷом бо ин танавуи мавзуот ошно хоҳанд шуд вале дар ҳар синне бояд мавзуоти вижае мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигиранд.

Барои Кӯдакони чаҳор ё панҷ сола, достонҳои содда ва сареҳ, ба вижа мавориде, ки дорои шахсиятҳои ҳайвонот ва Кӯдакон бошад, монанди достони ҳудҳуд ё мурча дар сураи намл, ҷазобаст. Ҳамчунин дар ин син, тавзеҳи соддаи ҳақу ботил ва дурустиву нодурустӣ, метавонӣ бо таваҷҷӯҳ ба саргузаштҳои Қуръонӣ муфид бошад. Дар канори афзоиши шинохт, хондани ояҳо бо садои дилнишин, фазои дустдоштанӣ  барои Кӯдакон рақам мезанад.

Барои Кӯдакони шаш то ҳаштсола достонҳои муҳайиҷи Қуръон метавонанд ҷалби таваҷҷӯҳ кунанд. Баёни достонҳои руёрӯии мустақим бо Худованд (мусбат ва манфӣ) монанди тақозои мулоқоти ҳазрати Мусо(а) баёни усули ахлоқи мутаносиб бо ин син, монанди иҳтиром ба падару модар ва низ хондани ояҳо бо қироат, дар ду ҷанбаи шинохтӣ ва рафтории Кӯдак таъсиргузораст.

Барои Кӯдакони 9 то 12 сола, бозгӯии достонҳо ва улгуҳои шахсиятӣ монанди бурдбори ҳазрати Иброҳим(а) ва талоши Паёмбари Акрам(с) дар кумак ба инсонҳо муфид мебошад.

Ҳамчунин омузиши оёте, ки боварҳои калидиро матраҳ карда ва ба ягонагии Худованд, ирсоли паёмбарон ва дигар боварҳои аслӣ пардохтаанд, метавон судман бошад. Дар ин син ихтисоси авқоте барои анҷоми таколифи мазҳабӣ ва вазоифи ахлоқӣ ва ҳифзи оёт, метавон дар эҷоди унси Кӯдакон ва Қуръон нақши муассире дошта бошад.

  1. Қуръонро ба гунаи ҷаззоб ба фарзандатон муаррифӣ кунед.

Барои ин кор метавонед дар шароити муносиб монанди ҳангоми хоб, аз достонҳои Қуръонӣ, ки мояи оромиши зеҳни Кӯдакон мешавад баҳра бигиред.

Ҳамчунин метавонед Кӯдаконро ташвиқ кунед то бо амал кардан ба дастурҳои содаи Қуръонӣ маҷмуае аз рафторҳои хубро дар худ эҷод кунанд, монанди тамрини салом гуфтан, эҳтиром ба бузургтарҳо, назофт ва дигар дастуроти ахлоқӣ. Лозимаст волидай тағйироти рафтори фарзандонро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳанд ва гоҳе бо хариди ҳадия аз пешрафти ӯ тамҷид ба амал оваранд. Ҳузури муназзам ё пароканда дар ҷаласоти Қуръонӣ ба ҳамроҳи хотироти хубе, ки қабл ва пас аз ҷаласот эҷод мекунед метавонад хушоянди ин иртиботро дучандон кунад.

  1. Фарзандатонро бо матни асли Қуръон ошно созед.

Барои ин кор роҳҳои мухталифе вуҷуд дорад:

  • · Аз китобҳои таҳияшуда барои Кӯдакон истифода кунед, монанди маҷмуае, ки дар муассисаҳои Қуръонии муътабар ҳамонанд ҷомиатул Қуръон таҳия мешавад.
  • · Оёти Қуръонро ба забони қобили фаҳм барои фарзандатон бигуед. Дар баёни оёти Қуръон ба ниёзи Кӯдак ва хазонаи луғотии ӯ ва мизони дарки вай таваҷҷӯҳ дошта бошед. Содатарин равиш ва тарҷумаро бо халоқияти худ биёмезед ва мафҳумро ба шиваи қобили фаҳм ба Кӯдак мунтақил кунед.
  • · Аз васоили кумакомузишӣ истифода кунед монанди филми тиловатҳои Қуръонӣ ба вижа тиловати қориёни Кӯдак ва навниҳол, нақошиҳои Қуръонӣ, ки дар намоишгоҳои Қуръонӣ дар маърази дид гузошта мешаванд ё дар маҷалоти Қуръонии вижаи Кӯдакон ироа мегарданд, китобҳое, ки дар онҳо достонҳои Қуръонӣ ё паёмҳои содаи Қуръонӣ матраҳ шудаанд, гуруҳҳои ҷамъхонии Қуръон ва сурудҳои Қуръонӣ ва... .
  • · Ба фарзандатон кумак кунед то оёти корбурдӣ дар ҳар сининеро ҳифз кунад.

Кӯдакони се то даҳ сола, қудрати ҳофизаи бештаре доранд ва беш аз онки бифаҳманд ҳифз мекунанд. Ҳифзи ин оёт ба сурати ганҷинае дар онҳо захира мешавад ва ҳангоме, ки қодир ба дарк ва фаҳми матолиб бошанд кумаки муъассире ба онҳо хоҳад намуд. Дар ҳифзи оёт, мизони алоқамандӣ ва тавоноии Кӯдакатонро дар назар бигиред ва аз таҳмил ва иҷбор бипарҳезед.

  1. Аз тамсилҳои динӣ ё худсохта истифода кунед.

Афроде, ки сумбули покӣ, тавоноӣ, умед ба Худованд, талош барои кумак ба дигарон ва низ дигар усваҳои мавҷуд дар Қуръонро муаррифӣ кунед.

  1. Манобеи мунташиршуда.

Аз манобеи мунташиршуда, ки дар бораи мабоҳиси емонӣ ва Худошиносӣ таҳия шудааст ва аз ҷазобияти лозим барои бачаҳо бархурдоранд, истифода кунед.

  1. Ба равишҳои худ танавуъ диҳед.

Қисса гӯйӣ, пурсидан, тавзеҳ додан, бо садои баланд хондан, сурудхонӣ, дуо кардан, тамошои табиат, нақошии зебо дар муҳити сокит, гуфтугӯ дар бораи иттифоқоти рӯзона ва пайванд задани онҳо бо масоили Қуръонӣ метавонад судманд бошад.

  1. Аз васоили кумак омузишии мухталифе кумак бигиред.

  1. Барои рушди Қуръонии фарзандони худ вақт ва ҳазина сарф кунед.

Рушди фарзандон дар заминаи қуръонӣ ниёзманди таваҷҷӯҳи бештари шумо ва барномарезии муносибаст. Басанда кардан ба корҳои дарсӣ дар заминаи Қуръон барои Кӯдакон кофӣ нест. Шумо метавонед дар алоқаманди ба Қуръон барои фарзандонатон улгу бошед.

  • · Замоне, ки Кӯдакатон шуморо машғули тиловати Қуръон дар манзил ё барои ёфтани посух ба яке аз пурсишҳои Қуръонӣ дар ҳоли талош мебинад ба Қуръон нигоҳи ҷидитаре хоҳад дошт.
  • · Эҳтимом ва тамошои тиловатҳое, ки аз шабакаи Қуръон пахш мешавад, дар канори тамошои дигар барномаҳои телевизиюн  унс ба Қуръонро барои Кӯдак осон менамояд.
  • · Иштироки маҷалоти Қуръонии муносиб бо синни фарзандатон метавонад ҳадияи бисёр муносиб барои ӯ ва гоми муассир дар шаклгирии шахсияти Қуръонии вай бошад.
  • · Хариди нармафзорҳои Қуръонии муносиб бо синни фарзандатон пас аз машварат бо муассисаҳои тавлиди нармафзор метавонад дар истифодаи баҳинаи Кӯдакон аз расонаи ҷадид ва низ унси бо Қуръон таъсироти шигарфе (аҷибе) дошта бошад. Нармафзорҳое, ки ба омузиши Қуръон ва мафоҳими он мепардозад, сидиҳои кортун, ки достонҳои Қуръониро ба намоиш мегузоранд ва низ бозиҳои Қуръонии муносиб аз ин шумор ҳастанд.
  • · Эҳтиром гузоштан ба навои Қуръон, қарор додани Қуръон дар беҳтарин ҷой хона, дароз нагардани по ба суй Қуръон, нигаҳдории он дар маҳфазаи муносиб ва низ гузоштани он руй раҳл ба ҳангоми тиловат, ҷанбаҳои зоҳири эҳтиром ба Қуръонро омузиш медиҳад.
  • · Ошно сохтани Кӯдакон бо қориёни Қуръон, фароҳам кардани заминаи мусобиқаи Қуръонӣ, ташвиқ ба ҷустуҷӯ дар оёти Қуръон ба сурати мусобиқа ва низ баланд хондан ва тарҷумаи баъзе аз ояҳои Қуръон ба ҳангоми тиловат, фазои равони муносибе барои унси бо Қуръон фароҳам месозад.
  • · Метавонед шабҳо замоне, ки Кӯдакон барои истироҳат омода мешаванд, бо тиловати Қуръон ё пахши навои Қуръон аз шабакаҳои телевизиюнӣ ва радиюӣ, оромиши маънавӣ  ҳосил аз Қуръонро ба фарзандони худ ҳадя кунед.
  • · Истеъдодҳои Қуръонии фарзандони худро дар заминаҳои гуногун шиносоӣ ва барои шукуфоии он ба андозаи дигар тавоноиҳои Кӯдакатон барномарезӣ кунед.
  • · Иртиботи худро бо дустон ва хонаводаҳои Қуръонӣ бештар намоед ва ба ин васила, уфуқи равшане дар ихтиёри фарзанди худ қарор диҳед.
  • · Ҳаргоҳ фарзанди шумо бо яке аз Кӯдакони муваффақ дар корҳои Қуръонӣ робитаи дустӣ барқарор кард, ӯро дар идомаи ин робита ва баҳрагирӣ аз тавоноиҳои Қуръонии дусташ ташвиқ намоед.
  • · Дар манзил ба муносибатҳои мухталиф, аз Қуръон осор ва баракоти он сухан бигӯед. Барои намуна метавонед ҳангоми мусофират, бо тавсияи фарзандон ба хондани оятулкурсӣ ононро дар ҷараёни баракоти ин ояҳо қарор диҳед.
  • · Фарзандони худро ташвиқ кунед то дар маҷолиси хонводагӣ, мусобиқаҳо ва бозиҳои Қуръонӣ ҳузур дошта бошанд.

Манобеъ:

Боҳунар, нозир, омузиши мафоҳими динӣ ҳамгом бо равоншиносии рушд, Теҳрон, созмони таблиғоти исломӣ, ширкати чоп ва нашри байналмилал, ҷ.2, 1380 шамсӣ.

Муҳаммади Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Ҳикматномаи Кӯдак, мутарҷим ва ҳамкор: пасандида, Аббос, Қум, Дорулҳадис, ҷ. 2, 1387 ш.

Ёб, Ерис, калидҳои омухтан ба Кӯдакон дар бораи Худо, мутарҷим: дуктур Ҳоҷизода, Масъуд, Теҳрон, китобҳои дона аз муассисаи интишороти Собирайн, ҷ.3, 1381 ш.




[1] . Муҳаммади Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи кудак, ҳ259, Ҷалолуддини Суютӣ, Дуррулмансур фи тафсирил маъсур, ҷ.5, сҳф 485.

[2] . Имом Али(а), Наҳулбалоға, ҳикмати 399.

[3] . Муҳаддиси Нури, Мустадракулвасоил, ҷ4, сҳф 325.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст