Ончӣ набояд анҷом дод
Ба ӯ нагӯянд: “Хиҷолатӣ”. Ин сифатро бар сараш накубед ва иҷозаи ин корро ба дигарон низ надиҳед.
Замоне ки хиҷолат мекашад аз ӯ интиқод накунед ӯ ба андозаи кофӣ таҳти фишор аст, пас шумо зиёдаш накунед.
Маҷбураш накунед, ки дар ҷамъи бузургсолон сӯҳбат кунад.
Хиҷолат кашиданашро ба рӯяш наёваред.
Аз ӯ нахоҳед кореро, ки дар тавонаш нест анҷом диҳад.
Аз муқоиса кардани ӯ бо дигарон парҳез кунед.
Ноумедаш накунед ва нагӯед, ки бо доштани чунин рӯҳияе ба ҳеҷ ҷо нахоҳӣ расид.
Табъиз ба кор набаред ва ба фарзандони дигар ба хотири доштани рӯҳияи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи бештар нишон надиҳед.
Агар хиҷолатӣ буданаш барояш шикаст ба бор оварад аст, сарзанишаш накунед.
Ӯро ба хотири камрӯияш сабаби шармандагии хонавода надонед.