Чӣ чизҳое сабаби камрӯии кӯдак мешавад?
Камрӯӣ мумкин аст бар асари робитаи нодуруст байни фарде ба вуҷуд омада бошад.
Баъзе муътақиданд, ки дуригузинӣ навъе бемории асабӣ аст, ки муҳмитарин нишонааш тағйироти ахлоқ ва отифа аст. Гуруҳе мегӯянд, ки иллати бунёди бештари камрӯиҳои фарзандон сахтгирии нодурусти падару модар ва муаллимон аст, ки беш аз тавони зеҳни кӯдакон ба онҳо фишор овардаанд. Иллатҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки мумкин аст боиси камрӯӣ ва хиҷолат шавад аз ҷумла;
Шароити ҷисмонӣ ё нақс дар бадан ё ихтилолоти каломӣ ва ... (дар ин шароит кӯдак аз ҳузур дар ҷамъ худдорӣ мекунад то аз сӯи дигарон масхара нашавад).
Изтироб ва нигароние, ки дар муҳит ба кӯдак ворид мешавад.
Надоштани маҳоратҳои иҷтимоӣ ва нотавонӣ дар барқарори иртиботи муассир.
Вазъияти номатлуби иқтисодӣ, таҳсилӣ ва фарҳангӣ дар муҳити хонавода.
Муроқибат ва диққати беш аз ҳадди падару модар.
Доштани падар ва модари хиҷолатӣ.
Мушкилоти рафтории кӯдакон - Хиҷолат -2
- زیر مجموعه: Ҷомеа ва Хонавода
- بازدید: 2066