Модари писарбачаи ҳаштсола аз дунё меравад ва падараш зани дигар мегирад.
Рӯзе падар аз писараш мепурсад, ки модарат бо моиндарат чӣ фарқ дорад.
Писар бо дили шикаста мегӯяд: Модари аввалам дурӯғ мегуфт, вале моиндарам рост мегӯяд.
Падар ҳайрон шуду пурсид: Чигуна?
Писар гуфт: Агар модарамро озор медодам ба ман мегуфт, ки ба хотири ин корат ба ту хӯрок намедиҳам, вале вақти хӯрок мешуд дунболам меомад ва маро ба хона бурда шикамамро сер мекард. Моиндар бошад вақте мегӯяд, ки ба хотири шухӣ ва азият карданат ба ту хӯрок намедиҳам ин корро мекунад. Имрӯз дувумин рӯз аст, ки хӯрок нахӯрдаам.
Худоё, модарони рафта ва ба хок хуфтаро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат бигардон ва ба модароне, ки зиндаанду ба хона ва хонавода рӯҳи зиндагӣ медиҳанд саломату саодат марҳамат кун ва ба мо тавфиқи қадрдонӣ аз ин гавҳарҳои нотакрорро бидеҳ.
Хушбахт касест, ки нози модар дорад
Лутфе зи Худо ҳамеша бар сар дорад
Шукронаи ин гавҳари ноёб кунад
Бар арзиши ӯ касе, ки бовар дорад