Рӯзе ҳазрати Исо (ъ) бо иддае аз пайравонаш аз бозорчае мегузашт. Ногаҳон гурӯҳеро дид, ки ба даври саги мурдае ҷамъ шудаанд ва дар бораи он гуфтугӯ мекунанд. Яке мегуфт: “Бӯи бади он инсонро хафа мекунад!”

Дигаре мегуфт: “Чи қадар касиф аст!”Саввумӣ мегуфт: “Чи қадар зишт аст!” Вақте ки навбати ҳарф задан ба ҳазрати Исо (ъ) расид, гуфт: “Ҳамаи шумо айби ӯро гуфтед ва ман акнун ҳасани онро мегӯям; воқеъан чи дандонҳои сафеду зебое дорад!"

Ҳама аз ин ҳарф тааҷҷуб карданд. Ҳазрати Масеҳ (ъ) фармуд: “Кӯшиш кунед, ки ҳамеша аз миёни зиштиҳо ва зебоиҳо,зебоиҳоро нишон диҳед.”

Tojikon.org

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст