Пайғамбари хуби мо,
Нури Худо Муҳаммад(с).
Чароғи роҳи мардум,
Раҳбари мо Муҳаммад(с).
Мо кудакон ҳамеша,
Гӯем ё Муҳаммад(с).
Мо пайрави ту ҳастем,
Салли ало Муҳаммад(с).
Эй пайрави Муҳаммад(с).
Эй кудаки мусалмон.
Қалби ту поку равшан,
Аз нури дину имон.
Ишон нигаҳдори ту,
Бошад Худову Қуръон.
Бигӯ ту, ё Муҳаммад(с),
Салли ало Муҳаммад(с).