Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

إِنَّا لِلَّٰهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ

Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯйи ӯ бозмегардем!

Ба гӯзориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раисиҷумҳӯри дӯстдоштаи Эрони исломи ҳазрати оятуллоҳи доктор Сайид Иброҳими Раисӣ, имом ҷумъаи Табрез ҳазрати Оятуллоҳ Оли Ҳошим, вазири хориҷаи Эрон доктор Ҳӯсайн Амирабдуллоҳиён, ва раиси вилояти Озарбойҷони шарқӣ доктор Молики Раҳматӣ ва ҳамроҳонашон барои маросими ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ аз сади Қизи Қалъаиси рафта буданд, ки дар масири бозгашт дар як сонеҳаи ҳавоӣ ба шаҳодатрасиданд. Дар ин сонеҳа 9 нафар дар болгарди раисиҷумҳӯр, ки ҳузӯр доштанд ҳамаи онон ба шаҳодат расиданд.

Сардори Сайиди Меҳдии Мӯсавӣ раиси ягони ҳифозати раисиҷумҳӯр, як нерӯии Сипоҳи Ансоралмаҳдӣ, халабон ва кӯмак халабон ва як масъӯли фаннӣ низ ҷузви шаҳидони ин сонеҳа ҳастанд. Ҳазрати оятуллоҳи доктор Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳонашон дар маросими ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ аз сади Қизи Қалъаиси ки дар сӯбҳи рӯзи19-уми майи соли 2024 бо ҳузури раисиҷумҳӯри кишвари Озарбойҷон Илҳом Алиев дар минтақаи марзии ду кишвари ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Эрон дидор намуд. Дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи сади Қизи Қалъаиси соъати як ба баъд, гурӯҳи раисиҷумҳӯри исломии Эрон бо 3 болгард ба самти шаҳри Табрез ҳаракат мекунанд. Вале дар миёнаи роҳ ҳудуди 80 километри марз иртиботи ду болгард бо болгарди раисиҷумҳӯри исломии Эрон қатъ мешавад ва болгарди раисиҷумҳӯри исломии Эрон доктор Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳонашон дар миёнаи роҳ ҳудуди 80 километри марз дар минтақаи кӯҳистонии шаҳри Варзақони Табрез дучори сонеҳа шуда ва суқӯт мекунад ва ба шаҳодат расиданд.. Ба далели кӯҳистони будани минтақа ва шароити сахти обу ҳавоӣ ва меҳи сангин талоши гуруҳҳои ҷустӯҷу ва имдодиро бо сахтӣ рӯ ба рӯ мекунанд баъд аз 16 соъат ҷасадҳояшонро дар кӯҳистон пайдо мекунанд. Аммо таҳқиқот дар бораи сонеҳа ва суқӯти болгард ҳанӯз идома дорад.
  
Амрикоиҳо низ гӯфтанд мо аз ҳодисаи суқӯти болгарди раисиҷумҳӯри Эрон иттилоъе надорем ва нишонае аз тавтеъа дар ҳодисаи суқӯти болгарди раисиҷумҳӯри Эрон вуҷӯд надорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст