Фаро расидани соли нав, баҳори табиат ва иди Наврӯзи ниёгонро, ки имсол бо моҳи мӯбораки Рамазон ва баҳори маънавият ҳамроҳ шудааст, ба миллати шарифи Тоҷикистон табрику таҳният мегӯем. Аз даргоҳи Худованди бузӯрг мехоҳем имсолро, соли саршор аз шодмонию хуррамӣ, дӯстию мӯҳаббат, покию маънавият, илму маърифат, саломатию тандурӯстӣ, баракату хӯшбахтӣ қарор диҳад.
Орзӯмандем, ки мӯшкилоту нобасомониҳои рӯзгор ҳарчӣ зӯдтар ба поён расад ва оромишу осӯдагӣ сарбаландию хӯшбахтӣ ба ҳамаи мо арзонӣ гардад, ғаму андӯҳ аз қалби якояки мо дур бошад!