Print
Hits: 468

Ҳуҷҷоҷ сӯи Каъба зи ҳар ҷо, ки рӯ кунанд
Бояд ризои ҳақ ҳама ҷо ҷустуҷу кунанд

Аввал тане, ки ғарқи гунаҳ буд солҳо
Бо оби тавба аз дилу ҷон шустушӯ кунанд

Берун зи тан кунанд либоси риёву кибр
Эҳром аз тавозӯъу хулқи накӯ кунанд

Лаббайкгӯ шаванд Худоро ба ростӣ
Не бар дурӯғ ҳарвалаву ҳоюҳӯ кунанд

Бинанд дар тавоф Худоро на хонаро
То рӯи дил ба сурату маъно ба ӯ кунанд

Саъйи Сафову Марва кунанд аз сафои дил
Чун ҷаҳд дар давидани худ сӯ ба сӯ кунанд

Шоиста нест аҳли риёро дар ин мақом
Аз оби поки замзамашон дар гулӯ кунанд

Ҳақ хондааст душмани худ ин гурӯҳро
Онон, ки мункиранд бигӯ рӯ ба рӯ кунанд
Ризо Исфаҳонӣ