Чун баҳорӣ туву эҳё шавам аз омаданат

Теппаи хокаму зебо шавам аз омаданат.

Рафтаӣ бе ҳаракат, лой шудам чун мурдоб,
Ту қадам зан, ки мусаффо шавам аз омаданат.

Сахттар аз саратон дарди ҷудоӣ аз туст,
Зуд о, то ки мудово шавам аз омаданат.

Пош хӯрдаст хаёлу дилу ақлам ҳар сӯ,
Ҷамъ чун об ба якҷо шавам аз омаданат.

Барг аз бод кунад рақсу ман аз накҳати ту,
Ба чӣ тадбир шикебо шавам аз омаданат?

Мисли дарҳо зи назарҳо-т, туро бишносам,
Маҳзи оғӯш шуда во шавам аз омаданат.

Шаб ҳам аз омаданат бар мани Фозил наврӯз,
Маҳви дидору тамошо шавам аз омаданат.
Фозили Ҳафткулӣ

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст