Ба ҳама хайру сахо

Аҳли имону вафо
Карда меҳмони Худо
Рамазон омадааст

Ба таҳорат ба намоз
Бо Худо розу ниёз
Чораи хеш бисоз
Рамазон омадааст

Пок кун ҷисму равон
Бо зулоли Рамазон
Лаҳзааш қадр бидон
Рамазон омадааст

Раҳмати Ҳақ ҳама ҷо
Моҳи ғуфрону дуо
З-оташи нор раҳо
Рамазон омадааст

Эй Худои чорасоз
Даст аз рӯи ниёз
Кардаам сӯи ту боз
Рамазон омадааст

Аҳли имону сахо
Ҷумла инсон ҳамаро
Раҳмати худ бинамо
Рамазон омадааст

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст