Омад Рамазону ид бо мост

Қуфл омаду он калид бо мост

Барбаст даҳону дида букшояд
В-он нур, ки дида дид бо мост

Омад Рамазон ба хидмати дил
В-он к-аш, ки дил офарид бо мост

Дар рӯза агар падид шуд ранҷ
Ганҷи дили нопадид бо мост

Кардем зи рӯза ҷону дил пок
Ҳарчанд тани палид бо мост

Рӯза ба забони ҳол гӯяд:
Кам шав, ки ҳама мурид бо мост

Мавлоно

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст