Абдусамеъи Қуддус рӯзи севуми апрели соли 1956 дар рустои Ворухи ноҳияи Исфара ба дунё омад. Соли 1980 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва корманди рӯзномаи маҳаллии Насими Исфара аст. Дар рӯзномаҳои Ҷавонони Тоҷикистон ва Адабиёт ва санъат мудири бахши адабиёт кор кардааст. Маҷмӯъаҳои шеърии чопшудаи эшон иборатанд аз:
1. Хокистар, Душанбе, 1987
2. Сапедаҳои рӯзангез, Душанбе, 1990
3. Санги пайванд, Маскав, 2001 (форсӣ ва кирилӣ)
Ба исми ҳазрати Ҳақ
Ба номи он ки мушти хокам аз ӯст
Нафас аз ӯст, ҷони покам аз ӯст
Музайян шуд зи пиндораш равонам
Дилам гул карду гӯё шуд забонам
Ба ҳар раҳ рӯй орам рӯ намояд
Барам даст ар ба ҳар дар дар кушояд
Фурузон мекунад шамъи нигоҳам
Чароғон мекунад шоми сиёҳам
Маро умеди ӯ бошад кифоят
Гули хуршеди ӯ бошад кифоят
Дигар дунё ҳама коҳу пухол аст
Ҷаҳолатхонаи инсони лол аст.
Санги пайванд, саҳ. 3
Аз соқа то садр, Гарморудӣ, саҳ. 543-544

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст