Гӯянд маро чу зод модар,

Пистон баз даҳон гирифтан омухт.

Шабҳо бари гоҳвораи ман,

Бедор нишасту хуфтан омухт.

Дастам бигирифту по ба по бурд,

То шеваи роҳ рафтан омухт.

Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам

Алфоз ниҳоду гуфтан омухт

Лабханд ниҳод бар лаби ман

Бар ғунчаи гул шукуфтан омухт

Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст.

То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст!
Эраҷ Мирзо
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст