Намехоҳам, ки ҷуз ман бо нигоре ошно бошӣ
Намехоҳам чу ғам дар кулбаи ҳар бенаво бошӣ

Намехоҳам, ки бошӣ шамъ дар маҷлису маҳфил
Намехоҳам чунин таннозу масту дилрабо бошӣ

Намехоҳам касеро ҷо диҳӣ ҷуз ман ба қалби худ
Набояд бо чу ман ёре аз ин пас бевафо бошӣ

Намехоҳам нигоҳатро ба кас ҷуз чашми ман дузӣ
Намехоҳам чу ман масти ду чашми каҳрубо бошӣ

Барояд ин сухан ҳамроҳи оҳ аз синаи Насрин
Ки ҳар ҷо меравӣ охир нигоро, моли мо бошӣ
Насрини Баруманд

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст