Ё Алию ё Азиму Раббано
Ё Ғафуру ё Раҳим эй Рабби мо
Ту Азизию Самиию Басир
Беҳамонанду Каримию Амир
Эй Худо ин моҳи меҳонии туст
Моҳи меҳмонии Қуръонии туст
Худ Бузургию Каромат додиаш
Ҳам фазилат ҳам шарофат додиаш
Моҳи рӯза моҳи Қуръону намоз
Моҳи сӯзу гиряву розу ниёз
Моҳи нозил гаштани Қуръони ҳақ
Он китоби ҳодию Фурқони ҳақ
Моҳи меъроҷу шаби қадри Алӣ
Моҳи муншақ гаштани бадри Алӣ
Рабби Маннону Рауф эй Кирдигор
Бар гадоёнат биё миннат гузор
Дохилам кун дар биҳишту ҷаннатат
Кун маро машмули лутфу раҳматат
То ки гардам ҳамнишини Мустафо
Зоири рӯи накӯи Муртазо
Бишнавам савти дилангези Ҳусейн
Сер бинам рӯи он нури ду айн
Эй Худоё гарчӣ ман ноқобилам
Ҳубби Ҳайдарро магир аз ин дилам
Сайидмуҳсини Аҳмадзода

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст