Онки аз фарти гунаҳ нола кунад зор куҷост?

Онки з-ағёр барад шиква бари ёр куҷост

Омад бари боми фалак боз моҳи Рамазон

Мезанад бонги мунодо ки гунаҳкор куҷост

Суфраи рангини Худо чашм ба роҳи ману туст

Бори ом аст Худоро ба зиёфат биштоб

То нагӯи ки дар раҳмати додор куҷост

Мурғи шаб нимаи шаб дида ба раҳ мегуяд

Сузи дил соз бувад дидаи бедор куҷост

Моҳи раҳмат бувад эй абри хатопуш бибор

То нагуянд ки он ваъдаи исор куҷост

Ҳақ ба кони карамаш турфа матое дорад

Дару девор занад доди харидор куҷост

Он Худое ки раҳим асту карим асту ғафур

Гуяд эй сутадилон ошиқи дилдор куҷост

Мани Жулида ба овои ҷало мегуям

Онки бо тавба ситонад сипари нор куҷост

 

Жулидаи Нишопурӣ

 

 

 

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст