Одоби хурок хурдан

«[1]ألا لا یَلُو مَنَّ اِمرُءٌ اِلّا نَفسَهُ یَبیتُ وَ فی یَدِهِ ریحُ غَمَرٍ

“Ба ҳуш бош! Касе, ки пас аз хурдани хурок бо дасти олуда ва чарбӣ (яъне баъд аз хурок хурдан дастҳоро нашустан) бихобад, ҳеҷ кас ҷуз худашро сарзаниш нанамояд.”

قالت: «فیِ المَائِدَةِ اِثنَتَا عَشَرَةَ خَصلَةً یَجِبُ عَلَی کُلِّ مُسلِمٍ اَن یَعرِفَهَا أربَعٌ فِیها فَرضٌ وَ اَربَعٌ فِیها سُنَّةٌ وَ اَربَعٌ فیها تَأدیبٌ فَامّا الفَرضُ فَالمَعرِفَةُ وَ الرِّضا وَ التَّسمِیَةُ وَ الشُّکرُ فَامَّا السُّنَةُ فَالوُضُوءُ قَبلَ الطَّعامِ، الجُلُوسُ عَلَی الجَانِبِ الأیسَرَ وَ الأکلُ بِثَلاثِ أصابِعَ فَامَّا التّأدیبُ. فَالأکلُ بِما یَلیِکَ وَ تَصغِیرُ اللُّقمَةِ وَ المَضغُ الشَّدِیدُ وَ قِلَّةُ النَّظَرِ فی وُجُوهِ النّاسِ[2]؛

“Дар сари дастархон, 12 кори нек вуҷуд дорад, ки лозим аст, ҳар мусулмоне онҳоро бишиносад.

4 мавриди он фарз ва 4 мавриди дигар суннат ва 4 мавриди дигар нишонаи адаб ва бузургворӣ аст.”

Ва аммо он чор мавриде, ки фарз аст:

1.Шинохт ва маърифати Парвардигор (бидонем, ки неъматҳо аз ӯст).

2.Розӣ ба неъматҳои Худо будан.

3.Гуфтани Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим дар аввали ҳар хурок.

4. Сипосгузорӣ Худо дар поёни хурокхурӣ (ва гуфтани Алҳамдулиллоҳи Раббил Оламин).

Ва чор амали суннат иборатанд аз:

1.Вузӯ (таҳорат) гирифтан пеш аз хурок хурдан.

2.Нишастан ба тарафи чап.

3. Нишаста хурок хурдан.

4. Хурок хурдан бо се ангушт.

Ва он чор амале, ки нишонаи адаб ва бузургворӣ аст монанди:

1.Аз пеши худ хурок хурдан.

2.Луқмаҳоро майда бардоштан.

3. Хурокро ба хубӣ ҷавидан (хоидан).

4.Камтар ба сурати дигарон нигоҳ кардан.

Агар мо мусулмонон ба ин гуфтаҳои бузургони динӣ амал намоем камтар бемор мешавем.

Худоё чунон кун саранҷоми кор

Ту хушнуд бошиву мо растагор



[1] Сунани Ибни Моҷа, ҷ.2, боби 22.

[2] Китоби Аволим, ҷ.11, саҳ. 629.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст