
Котиби Шӯрои амнияти Руссия бо ишора ба он ки Ғарб (кишварҳои Аврупо ва Амрико) ҳарчанд хароҷоти гарон ва дастгирии ҳамаҷониба аз Киев кардааст, натавониста вазъияти низомии дар Украинаро тағйир диҳад, нисбат ба хатари ҷанги низомӣ байни кишварҳои соҳиби силоҳи ҳастаӣ ҳӯшдор дод.
Ба гӯзориши ТоҷикПресс, Сергей Шойгу, котиби Шӯрои амнияти Руссия дар гӯфтугӯ бо агентии хабарнигории “ТАСС”, ҳӯшдор дод, ки дар шароити ҳозира, рақобатҳои ҷуғрофиёӣ-сиёсӣ байни қудратҳои бузӯрг дар саҳнаи байналмилалӣ шиддат ёфтааст ва ҳамин сабаб, хатари муборизаи низомӣ байни кишварҳои соҳиби силоҳи ҳастаӣ афзоиш ёфтааст.
Ӯ дар тафсири шароити ҳозира дар сояи муноқишаи Украина, гӯфт: “Дар сояи афзоиши танашҷуҳот ва шиддатёбии рақобати ҷуғрофиёӣ-сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ, хатари ҷанги низомӣ байни кишварҳои бузург, аз ҷумла бо иштироки қувваҳои ҳастаии ҷаҳон, ба афзоиш ниҳодааст.”
Шойгу бо ишора ба он ки кишварҳои ғарбӣ ҳамҷаҳат “ҳуҷӯми идеологӣ ва арзишӣ” зидди Руссия ва Белорусро оғоз кардаанд, илова кард: “Кӯшишҳо барои нобарқарор кардани вазъияти дохилӣ, заиф кардани асосҳои иҷтимоӣ ва таҳмили идеологияи неолибералии бегона идома дорад.”
Ин мақоми баландпояи Руссия таъкид кард, ки чунин рафторҳо аз ҷониби Ғарб, на танҳо ба Руссия ва Белорус таъсир мерасонад, балки ба таври умӯмӣ вазъияти байналмилалиро низ зери таъсири манфӣ қарор медиҳад.
Шойгу ёдовар шуд, ки ин амалҳо ба заиф кардани нақши муассисаҳои байналмилалӣ монанди Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (WTO), Созмони умӯмиҷаҳонии тандурӯстӣ (WHO) ва Созмони манъи аслиҳаҳои кимиёӣ (OPCW) оварда расонидааст, зеро ин муассисаҳо ба воситаҳои сиёсӣ барои заиф кардани кӯшишҳо барои пешгирӣ аз рақобати аслиҳа дар фазо табдил ёфтаанд.
Ӯ илова кард: “Ин амалҳо бевосита бо ҳадафи заиф кардани кишварҳои мо анҷом дода мешаванд ва аз орзӯи маҳрум кардани мо аз ҳуқӯқи ҳокимият ва озодӣ дар интихоби роҳи рӯшд ва ҳақиқат додани манфиатҳои стратегии мо сарчашма мегирад.”
Ғарб натавониста роҳи амалиёти низомии вижа дар Украинаро тағйир диҳад
Сергей Шойгу дар посӯх ба саволи дигар дар ин мӯколама эълон кард, ки Ғарб ҳарчанд хароҷоти молии гарон ва дастгирии ҳамаҷониба аз мақомоти ҳозираи Киев кардааст, натавониста роҳи муборизаи низомӣ дар Украинаро тағйир диҳад. Ба ҳамин сабаб, пешбинӣ мешавад, ки тамаркӯзи асосии онҳо бар нобарқарор кардани вазъияти дохилӣ дар ҳукумати мӯттаҳид (Руссия ва Белорус) қарор гирад.
Котиби Шӯрои амнияти Руссия гӯфт: “Албатта, мо тадбирҳои пешгиронаро ба таври инфиродӣ ва ҷамъӣ дар назар гирифтаем.”
Ӯ ишора кард, ки дар нақшаи амниятии ҳукумати мӯттаҳиди Руссия-Белорус, тадбирҳои зарӯрӣ барои муқобила бо дахолат дар умури дохилии ду кишвар пешбинӣ шудааст ва таъкид кард, ки ин кӯшишҳо аз ҷониби кишварҳои ғайри дӯст ба таври мунтазам ва дар шаклҳои гуногӯн анҷом дода мешаванд.
Шойгу дар хотима гӯфт, ки хизматҳои иттилоотии хориҷӣ дар ҳолати фаъолиятҳои вайронкорӣ ва кӯшиш барои ноором кардани вазъияти дохилии мо, ба хусӯс дар остони интихоботи Белорус қарор доранд.
Шойгу дар хотима гӯфт, ки хизматҳои иттилоотии хориҷӣ дар ҳолати фаъолиятҳои вайронкорӣ ва кӯшиш барои ноором кардани вазъияти дохилии мо, ба хусӯс дар остони интихоботи Белорус қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳури Руссия дар сӯханоние эълом карда буд, ки ҷанги ҳастаӣ ҳеҷ барандае надорад ва ҳаргиз набояд ба роҳ андохта шавад.
Владимир Путин 25 сентябр имсол ҳам дар ҷаласаи Шӯрои Амният эълон карда буд, ки дар назарияи ҳастаии Руссия тағйирот ворид карда мешавад.
Президент Путин изҳор дошта буд, ки таҷовӯз ва ҳамла ба Руссия аз ҷониби ҳар як давлати ғайриҳастаӣ бо дастгирии як қудрати ҳастаӣ ҳамчун ҳамлаи муштараки онҳо дониста мешавад. Руссия силоҳи ҳастаиро дар сурати таҷовӯз, аз ҷӯмла агар дӯшман бо истифода аз силоҳи муқаррарӣ ба истиқлолият таҳдиди ҷиддӣ эҷод кунад, истифоа хоҳад кард.
Дар як назарсанҷи дар Амрико, тақрибан 70% аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҷанги Украина метавонад ба ҷанги ҳастаӣ расонад.
Ҷаҳон беш аз ҳафтоду шаш сол аст,ки бо кобӯси ҷанги ҳастаӣ ба сар мебарад. Қудратҳои бузӯрги ҳастаӣ камокон ба дунболи мадернсозии таслиҳоти ҳастаи хӯд ҳастанд. Панҷ кишваре,ки ба унвони кишварҳои ҳастаӣ ба расмият шинохта шудаанд ,яъне Амрико,Руссия, Чин ,Фаронса ва Британия ва низ кишварҳое ,ки дар чанд даҳаи ахир ба шаклҳои мухталиф, ба бошгоҳи кишварҳои ҳастаӣ пайвастанд, дар ҳоли сохти,истиқрор ва барӯзрасонии таслиҳот ва системаҳои партобкунандаи ҳастаӣ ҳастанд.
Сиёсатмадорону коршиносон хатари ҷанги ҳастаӣ байни кишварҳои соҳиби силоҳи ҳастаиро дар ин чанд даҳаи ахир ба шаклҳои мухталиф ёдоварӣ кардаанд ва ҳӯшдор додаанд.
Сафири Руссия дар Амрико, Анатолий Антонов чандсол пеш дар бораи фикри оғози ҷанги ҳастаӣ бо Руссия бо лаҳнии таънаомез гӯфта буд, ки: «Ман бар ин боварам, ки чунин фикре фақат ба зеҳни сиёсатмадороне мерасад, ки аз назари ақлӣ носолим ҳастанд.»