Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид тасмими хӯд барои қарор додани Исроил дар феҳристи сиёҳи кишварҳое, ки ба кӯдакон дар манотиқи даргирӣ осеб мезанандро ба ин режим эълом кардааст.
 
Гилад Эрдан, намоянда Исроил дар Созмони Милал бо таъйиди ин мавзӯъ гуфт, ки Антонио Гутерриш, ин тасмимро ба иттилои вай расондааст.
 
Қарор гирифтани режими Исроил дар феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид аз назари ҳуқӯқи байналмилалӣ хатароти бисёре барои ин режим дорад, ки расонаҳои Исроил ҳам ба ин мавзӯъ пардохтаанд.
 
Пойгоҳи хабарии рӯзномаи саҳюнистии Едиот Аҳаронот дар гӯзорише пас аз интишори ахбори марбут ба қарор гирифтани расмии режими Исроил дар феҳристи режимҳои кӯдаккуши Созмони Милали Муттаҳид навишт, ки вазорати хориҷаи ин режим барои вокуниши эҳтимолӣ нисбат ба ин иқдоми Созмони Милал роҳкорҳоеро баррасӣ мекунад.
 
Ин рӯзнома ба нақл аз манобеи масъул навиштааст, ки қарор додани Телавив ба феҳристи сиёҳи Созмони Милал бисёр хатарнок аст ва метавонад давлатҳои мухталифро ба мамнуъияти фурӯши таслиҳот ба режими Исроил маҷбӯр кунад.
 
Қарор гирифтани режими саҳюнистӣ дар феҳристи сиёҳи Созмони Милал метавонад паёмадҳои хатарноке барои Исроил дошта бошад. Ин паёмадҳо метавонанд ба коҳиши эътибори байналмилалӣ, афзоиши фишорҳои дипломатик, таҳримҳои иқтисодӣ, норизоятии умумӣ ва афзоиши таҳдидоти амниятӣ мунҷар шаванд. Дар айни ҳол, ин вазъият метавонад фурсате барои дипломосӣ ва талош барои ҳаллу фасли мушкилот ва мунозиъоти мавҷуд низ бошад. Режими ҷинояткори Исроил наметавонад паёмадҳои манфии ин вазъиятро коҳиш диҳад.
 
Дар сатҳи дохилӣ, ин режими ҷинояткор ва кӯдаккӯши Исроил, кобинаи дохилӣ ва мавқеияташ дар баробари мухолифонаш беш аз пеш заъиф мешвад.
 
Ҳамзамон бо ташдиди баҳс ва муноқиша дар дохили ин режим дар бораи қарор гирифтани режими “Исроил” дар феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид, артиши Исроил ба урдугоҳи Аннасирот дар маркази Ғазза ҳамла кард, ки беш аз 200 нафар шаҳид ва беш аз 400 нафар захмӣ шуданд. Ин режими ҷинояткор ва кӯдаккӯш ҳамчунон ба ҷиноёти худ дар баробари сукути ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонён идома медиҳад.
 
Аз сӯи дигар ЮНИСЕФ (Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид) ҳам эълом кардааст, ки аз ҳар 10 кӯдак дар Ғазза, 9 нафар дар маърази гурӯснагии шадид қарор доранд.
 
ЮНИСЕФ дар гӯзориши худ тасреҳ кардааст: “Вазъият дар Навори Ғазза ба гунае аст, ки хонаводаҳо наметавонанд ниёзҳои ғизоии кӯдаконро таъмин кунанд. “ҳамчунин аз давлатҳои дигар хостааст гом‎ҳои ҷиддие барои ҷилавгирӣ аз гурӯснагии кӯдакон бардоранд.
 
Артиши Исроил дар ҳамлаи ваҳшёна худ ба Навори Ғазза то ҳол беш аз 15 ҳазор кӯдаки Фаластиниро ба шаҳодат расондааст, ки ҳудуди 40 дарсади маҷмӯъи шуҳадои фаластинро ташкил медиҳанд. Бар асоси оморҳои расмӣ бо гузашти беш аз 8 моҳ аз ҷанги Ғазза то ҳол беш аз 37 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расида аст ва беш аз 86 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд ва ҳазорҳо нафари дигар низ нопадид шудаанд. Ҳудуди 70 дарсад аз зерсохтҳои ғайри низомии Ғазза шомили мактабҳо, манзилҳои истиқомаӣ ва бемористонҳо вайрон ва нобуд шудаанд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст