Раисҷумҳӯри Руссия гӯфт, агар Амрико пешниҳодоти оташбаси ҷанги Ғаззаро вето намекард, даргирӣ дар ин борика тамом мешуд.
 
Ба гӯзориши ТоҷикПресс, Владимир Путин, раисҷумҳӯри Руссия дар ҳошияи нишасти “Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург” баён кард:
 “Мо чандин бор ибтикоротеро дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал унвон кардаем, аммо Иёлоти Муттаҳида онҳоро вето мекунад. Агар мо бо ҳамсабтагӣ фаъолият мекардем ва Амрико ин пешниҳодотро вето намекард, акнӯн дар бораи оташбаси ҷанги Ғазза ба тавофуқ расида будем; чизе ки токунун муяссар нашудааст.”
 
Вай афзуд: “Бо тавваҷуҳ ба инки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ кишвари Фаластинро дар соли 1988 ба расмият шинохта буд, лозим ба зикр аст, ки мавзеи Руссия дар қиболи Навори Ғазза тобеи шароити сиёсӣ нест ва аз он замон то ҳол тағйире накардааст.”
 
Путин гӯфт: Таваққуфи даргирӣ дар Ховари Миёна бо ташкили кишвари Фаластин ва ба расмият шинохтани он мумкин аст.
 
Раисҷумҳӯри Руссия дар идома низ бо интиқод аз ҳамалоти режими Исроил бар зидди Фаластиниҳо дар Ғазза таъкид кард, ки посӯхи Исроил ба ҳамлаи Ҳамос шабеҳ ба ҷанг набуда, балки наслкӯшии сокинони Ғазза аст.
 
Гуфтанӣ аст, ки нерӯҳои режими Исроил ҳамчунон ба ҷанг ва ҳамалоти бераҳмонаи хӯд бар зидди сокинони бепаноҳи Навори Ғазза идома медиҳанд. Ин ҷанг, ки аз ҳафтуми октябр оғоз шудааст ба шаҳодати беш аз 36 ҳазор нафар Фаластинӣ ва маҷрӯҳ шудани беш аз 82 ҳазор фаластинӣ анҷомида аст ва ҳамчунон ҳазорон тан аз қурбониён зери харобаҳо мебошанд.

 
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст