Дунё корхонаи одами соз аст, ҳар кадом аз махулқоти Худованд метавонанд аломат ва нишоане ба сӯи ҳадаф бошанд ва инсонро ба мақсади аслии хеш роҳнамои кунанд. Аз ин рӯ метавон аз ҳар як аз ин махлуқот дарсе омухт ва онро пешаи худ сохт.

Тамоми махлуқот дарсе барои омухтан доранд ва дар ин миён чашме ниёз аст ки короии дидани онро дошат ва азме ки онро пешаи худ созад.

Аз зоғ биёмуз

Зоғ парандае аст ки дар се хислат метавон аз ӯ даср гирифт: Расули Худо(с) фармуд: Аз зоғ се одат биёмезед, пинҳон буданаш ба ҳангоми ҷуфт шудан ва саҳархезиаш дар талаби рӯзи ва бедору ҳушёр буданаш.

Бале махлуқоти Худо низ ҳар як сифатҳои неке ба хеш ихтисос додаанд ки аз онҳо метавон дар он сифати некӯ улгу гирифт.

Ин каломи Расули Худо(с) бо худ нуктаҳоеро ба ҳамроҳ дорад ки дар поён ба онҳо ишора мекунем:

1.Лоҷарам сифатҳои зикр шуда аз аҳамияти ба сазое бархурдоранд ки Паёмбари Акрам(с) дар зикри аҳамияти он аз зоғ баҳра меҷуяд ки ин сифатҳо бадин қароранд:

Аҳамияти ҳаё дар зиндагӣ

Назарнамои муфаззал ба ончи инсон махсус ба он шуда аст аз миёни дигар ҳайвонот аз халқи ҷалилул қадр, азимуннафъ ки он ҳаё аст. Агар ҳаё намебуд ҳеҷ кас меҳмондори намекард ва вафо ба аҳдҳо наменамуд ва ҳоҷатҳои мардумро бар намеовард ва анҷоми некиҳо ва дури аз бадиҳо намекард.

Саҳархезӣ

Ҳазрати Расули Акрам(с) фармуд: Ҳаргоҳ яке аз шумо коре дошта бошад, субҳи зуд ба дунболи он кор равад. Зеро ман аз Худои хеш хостаам ба касоне аз уммати ман ки аввали вақт ба сари кори хеш ҳозир шаванд, баракат диҳад.

Ҳушёри

Фаросат ва ҳушёри аз вижагиҳои аҳли имон аст, ки дар дилҳо нурҳои тобон мегардад ки ба василаи онҳо маъноҳоеро меёбад ва касе ки аз маҳорими Худо чашм бипушонад ва худро аз шаҳватҳо нигоҳ дорад ва ботинашро обод кунад ва ба он ҷало бахшад ва тибқи дастури Худо аз вуҷуд муроқибат намояд ва бо табаияти лозим аз китобу суннат имонашро тақвият кунад ва хуроки ҳаром ба меъдааш ворид насозад ва забонашро аз дуруғ ва ғайбат ва беҳудагуи нигоҳ дорад, ҳаргиз фаросаташ хато намекунад.

Сазовор аст, касе ки бо аҳли рости муошират дорад, садоқат ва ростиро дар бархурд бо ишон муроот намояд, зеро дилҳояшон зирак аст (ва ба суръат дуруғи ту назди ишон ошкор мегардад.)

2.Дунё; дунё дарсу омузиш буда аств а аз ҳар як аз махлуқот метавон дарсе омухт ва онро пешаи худ сохт.

Дунёи ҳайвонот низ саршор аз дарсу ибрат аст ва ҳар ки аҳлу сазовор бошад аз он дарс мегирад. Худованд дар сураи Ҷосия ояти 13 мефармояд:

وَ سَخَّرَ لَكُمْ ما فِی السَّماواتِ وَ ما فِی الْأَرْضِ، جَمِیعاً مِنْهُ، إِنَّ فِی ذلِكَ لَآیاتٍ لِقَوْمٍ یَتَفَكَّرُونَ‏

Ончиро дар осмонҳо ва дар замин аст ба фармони шумо даровард, ҳама аз ӯст ва дар ин кор нишонаҳое аст (аз ҳикмат ва қудрати ӯ), барои касоне ки бияндешанд.

3.Хилқати ҳеҷ як аз мавҷудот абас ва бефоида набуда аст ва ҳар як ҳарфе барои гуфтан доранд ва бузургтарин ҳарфҳояш ин аст ки аз барои иснон по ба арсаи вуҷуд гузоштаанд. Худованд мавҷудоти ҷаҳони ҳастиро ибдоъ фармуд, бе онки чизе еш аз он вуҷуд дошта бошад ва ҳамаи онҳоро иҷод кард, бе онки улгу ва мисоле пеш аз он мавҷуд бошад.

Онҳоро ба қудраташ таквин намуд ва ба иродаташ хилқат кард, бе онки ба офариниши онҳо ниёз дошта боашд, ё фоидае аз суратбанди онҳо оиди зоти покаш шавад ҷуз инки мехост ҳикматашро аз ин тариқ ошкор созад мардумро ба итоаташ ҳушдор диҳад қудрати бепоёни худро аз ин дарича ишон диҳад халоиқро ба убудияти худ раҳнамун гардад ва даъвати паёмбараонашро аз тариқи ҳамоҳанги таквин ва ташриъ қувват бахшад.

4.Аҳамияти илму омузиш, чаро ки асоси хилқат бар он бино шуда аст. Ин сухани ҳазрат ишора ба ҳамияти имл ва омузиш дорад чаро ки وَ ما خَلَقْتُ‏ الْجِنَّ وَ الْإِنْسَ إِلَّا لِیَعْبُدُونِ нозир ба ин ҳақиқат аст ки ғараз ва ҳадаф аз хилқати ду навъ ҷинну силсилаи башар ҳамоно маърифат ва итоат ва тақарруб ба соҳати кибриёи аст ки сабаби саодат ва ҳаёти ҳақиқи ва равони ва ҳамешаги хоҳад буд ва куфру фисқу фуҷур сабаби қатъи робитаи убудият ва ҳалокати зоти ва ҳамешаги аст.

Мардум ду дастаанд: Донишманд ва шунаванда ки матбалро ҳифз мекунад, боқи бефоида ва русуб ҳастанд.

То маърифат набошад итоат ба маънои ҳақиқи он муҳақақ нахоҳад шуд ва дар ин миён аз ҳар фурсате ҷиҳати дару илм бояд истифоад кард ва ин фурсат метавонад дарс гирифан аз як паранда бошад.

Арзиши инсон зи илму маърифат пайдо шавад

Беҳунар гар даъвии беҷо кунад русво шавад

Дар масири зиндаги ҳаргиз намеафтад ба чоҳ

Бо чароғи дину дониш гар башар бино шавад

Ҳар ки бар мардони ҳақ пайваст унвоне гирифт

Қатра чун восил ба дарё мешавад дарё шавад

Одами ҳаргиз намебинад зи сангини газанд

Аз сабукмағзи башар чун санг пеши по шавад

Сар фуруд меоварад ҳар шоха аз бор овари

Мекунад афтодаги инсон гар доно шавад

Қимати гавҳар шавад пайдо бар гавҳар шинос

Қадри мо, дар пойи мизони амал пайдо шавад.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст