Раиси Ҷумҳурии Чин гӯфт, ҳамлаи режими саҳюнистии Исроил ба борикаи Ғазза қалби мардӯми ҷаҳонро ба дард оварда аст.
Ба гӯзориши радиои тоҷикии Садои Хӯросон, Си Ҷи Пинг раиси Ҷумҳурии Чин ки ба Фаронса сафар карда аст, дар ёддошти ихтисосии хӯд барои расонаҳои фаронсавӣ бо баёни ин ки ҳамлаи Исроил ба борикаи Ғазза қалби мардӯми ҷаҳонро ба дард оварда аст навишт, роҳи ҳали аслии ин масъала ташкили кишвари мустақил Фаластин аст.
Си Ҷи Пинг далели аслии идомаи ҷиноёти режими саҳюнистии Исроил ба борикаи Ғаззаро иҷро нашудани қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид донисту афзӯд, раванди сулҳ дар ғарби Осиё аз масири дурӯсти хӯд мунҳариф шуда аст.
Раиси Ҷумҳурии Чин таъкид кард, ки Чин ва Фаронса дар бораи масъалаи Фаластин иҷмоъи назар зиёд доранд ва бояд ҳамкориҳоро барои бозгардондани сулҳ ба ғарби Осиё афзоиш диҳанд.
Режими саҳюнистии Исроил аз 7 октябри соли гӯзашта бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, бомбаборон ва кӯштори ваҳшиёнаи гӯстардаеро бар зидди мардӯми бедифо ва мазлӯми Фаластин дар борикаи Ғазза ба роҳ андохт. Сукӯт ва нотавони ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқӯқи башарӣ дар баробари ҷиноятҳои режими Исроил, сабаби идомаи кӯштори ваҳшиёнаи занону кӯдакони Фаластинӣ то ҳол шуда аст.
Бинобар эълони Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистии Исроил ба борикаи ғазза то ҳол, яъне дар213 рӯз беш аз 34 ҳазор нафар Фаластинӣ, ки бештаршон занон ва кӯдаконанд, шаҳид шуданд ва беш аз 77 ҳазор нафар ҳам маҷрӯҳ ва ҳазорҳо нафари дигар низ нопадид шудаанд.