Беш аз 70 сол аз асорати қиблаи нахустини мусулмонон ва Фаластин ба дасти ишғолгарони ҷинояткори саҳюнистӣ мегузарад. Дуруд бар миллати муқовиму пойдору сабур ва мазлуми Фаластин бод, ки бо санги номус бар зидди ҷаллодону мустакбирон истоданд ва имрӯз бо мушакҳои муқовимат ҳайбати дуруғини саҳюнистҳоро фуру пошиданд ва ба нобудии ишғолгарон ва пирӯзиии фаластиниёну мазлумон наздик шудаанд. Ҷумъаи охири моҳи мубораки Рамазонро имом Хумайнӣ рӯзи ҷаҳонии Қудси эълом кард. Дар ин рӯзи саъид мусулмонон ҷаҳон баъд аз намози Ҷумъа роҳпаймоии густарда дар ҳимоят аз Фаластин ва мазлумон ва изҳори безорӣ аз ишғолгарон ва мустакбирону ҷинояткорон мекунанд. Мо ҳам аз Худои Субҳон озодии ҳар чӣ зудтари Фаластин ва мазлумон аз дасти золимону ишғолгарон ва мусулмонони мазлумро аз мустакбирон талаб менамоем. Ба умеди он рӯз, ки наздик аст.
Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам,
Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам,
Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.
Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам,
Аз маломати виҷдон дард мекунад динам.
Сангҳои хунолуд, сангҳои хунолуд,,.
Ҳар шаб аз канорони дил ситора мечинам.
Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,
Лолаҳои захми ту – муҳри Оли Ёсинам.
Новгони Озодӣ то ба гил фуру биншаст,
Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам.
Эй башар, тафовутро бас азим меёбам
З-он ки ту ҳамегӯӣ то ман он ки мебинам.
Пойгоҳи меъроҷ, эй хоки поки Озодӣ,
Обрӯ зи ту дорад осмони рангинам.
Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хун
Даст мебарад Ҳуре сӯи қалби сангинам.
Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам…
Рустами Ваҳҳоб