27 июни 1997 дар шаҳри Маскав созишномаи сулҳи тоҷикон ва оштии миллӣ байни президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонов ва раҳбари ҲНИТ ва ИНОТ марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳузури намояндаи СММ ва намояндагони кишварҳои муассир дар раванди сулҳ ба имзо расид ва ба 5 сол даргирӣ дар ҶТ хотима дод. Имрӯз аз он лаҳзаи таърихӣ 22 сол мегузарад. Ҳарчанд ин рӯйдоди муҳим ва сарнавиштсоз дастхуши тағйирот ва таҳрифҳо шудааст ва имрӯз фарзандони тоҷик дар ҳиҷрату ғурбат ба сар мебаранд, аммо осори мусбати он дар рӯзгори умуми мардуми тоҷик қобили мушоҳида аст. Умед аст ҳамаи тоҷикон нисбат ба ҳифзи сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ва оштии миллӣ худро саҳим бидонанд ва аз он муҳофизат намоянд ва иҷозат надиҳанд, ки афроду ҷараёне ин дастоварди умумимиллиро мусодира кунанд ва таърихи истиқлоли тоҷику Тоҷикистонро таҳриф намоянд. Ин рӯзро ба ҳамаи миллати шарифи Тоҷикистон табрик мегӯем ва бар равони шаҳидону дилсӯзони ин роҳ махсусан марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва сайид Қиёмуддини Ғозӣ дуруд мефиристем! Интизор ин аст, ки ҷашни "Ваҳдати миллӣ" воқеан ҷашни ваҳдати миллат бошад.
Гиромидошти Ваҳдати миллӣ

- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 635