Моҷарои мусулмон шудани Мурис Букой донишманди фаронсавӣ

Ҳангоме ки Фронсуо Митерон дар соли 1981 мелодӣ раиси ҷумҳури Фаронса шуд, аз миср тақозо шуд, то ҷасади мумиёишудаи Фиръавн барои бархе озмоишҳо ва таҳқиқот ба Фаронса мунтақил шавад. Ҳангоме ки ҳавопаймои ҳомили бузургтарин тоғути таърих дар Фаронса ба замин нишаст, бисёре аз масъулини кишвари Фаронса ва за ҷумла раиси давлат ва вазирҳояш дар фурудгоҳ ҳозир шуда ва аз ҷасади тоғут истиқбол карданд.

Пас аз тамом шудани маросим, ҷасади Фиръавн ба маконе бо шароити хос дар маркази осори Фаронса интиқол дода шуд, то бузургтарин донишмандони бостоншинос ба ҳамроҳи беҳтарин ҷароҳон ва колбудшикофони Фаронса, озмоишоти худро бар рӯи ин ҷасад ва кашфи асрори мутаалиқ ба он шурӯъ кунанд.

 

Раиси ин гурӯҳи таҳқиқ ва тармими ҷасад яке аз бузургтарин донишмандони Фаронса ба номи профессор Мурис Букой буд, ки бар хилофи дигарон, ки қасди тармими ҷасадро доштанд, ӯ дар паи кашфи роз ва чигунагии марги ин фиръавн буд.

Таҳқиқоти профессор Букой ҳамчунон идома дошт, то инки дар вақти поёнии шаб натоиҷи ниҳоӣ равшан шуд; бақоёи намаке ки пас аз соатҳо таҳқиқ бар ҷасади Фиръавн кашф шуд, дол бар ин буд, ки ӯ дар дарё ғарқ шуда ва мурда аст ва пас аз хориҷ кардани ҷасади ӯ аз дарё барои ҳифзи ҷасад, онро мумиёӣ кардаанд. Аммо масъалаи ғариб ва ончи боиси тааҷуби беш аз ҳадди профессор Букой шуда буд ин масъала буд, ки чигуна ин ҷасад солимтар аз соири аҷсод боқӣ монда дар ҳоле ки ин ҷасад аз дарё берун кашида шудааст.

Профессор Мурис Букой дар ҳоли омода кардани гузориши ниҳоӣ дар мавриди кашфи ҷадид (марги Фиръавн ба василаи ғарқ шудан дар дарё ва мумиёии ҷасади ӯ билофосила пас аз берун кашидан аз дарё) буд, ки яке аз ҳозирин оҳиста ба ӯ ёдоварӣ кард, ки барои  интишори натиҷаи таҳқиқ шитоб накунад, чаро ки натиҷаи таҳқиқ комилан мутобиқ бо назари мусулмонон дар мавриди ғарқ шудани Фиръавн аст.

Вале Мурис Букои ба шиддат ин хабарро рад карда ва онро маҳол донист. Ӯ бар ин ақида буд, ки расидан ба чунин натиҷаи бузурге мумкин нест, магар бо пешрафти илм ва бо истифода аз имконоти дақиқ ва пешрафтаи компютерӣ.

Дар ҷавоби ӯ яке аз ҳузор баён кард, ки Қуръоне, ки мусулмонон ба он имон доранд қиссаи ғарқ шудани Фиръавн ва солим мондани ҷуссаи ӯ баъд аз маргро хабар додааст.

Ҳайрат ва сардаргумии профессор дучандон шуд ва аз худ суол мекард, ки чигуна ин амр мумкин аст, бо таваҷҷӯҳ ба инки ин мумиёӣ дар соли 1898 мелодӣ кашф шудааст, дар ҳоле ки Қуръони мусулмонон қабл аз 1400 сол пайдо шудааст?

Чигуна бо ақл ҷур дар меояд дар ҳоле ки на араб ва на ҳеҷ инсони дигаре аз мумиёӣ шудани фиръавнҳо тавасути мисриёни қадим огоҳӣ надошта ва замони зиёде аз кашфи ин масъала намегузарад?

Мурис Букой тамоми шаб ба ҷасади мумиёишуда зур зада буд ва дар мавриди сухани дӯсташ фикр мекард, ки чигуна Қуръони мусулмонон дар мавриди наҷоти ҷасад баъд аз ғарқ шудан сухан мегӯяд, дар ҳоле ки китоби муқаддаси онҳо аз шудани Фиръавн дар ҳангоми дунбол кардани Мусо сухан мегӯяд, аммо из наҷоти ҷасад ҳеҷ сухане ба миён намеоварад ва бо худ мегуфт оё имкон дорад ин мумиёӣ ҳамон Фиръавне бошад, ки Мусоро дунбол мекрад?

Ва оё мумкин аст, ки ҳазрати Муҳаммад(с) ҳазор сол қабл из ин қазия хабар доштааст?

Ӯ дар ҳамон шаб Таврот ва Инҷилро баррасӣ кард, аммо ҳеҷ зикре аз наҷоти ҷасади Фиръавн ба миён наёварда буданд.

Пас аз итмоми таҳқиқ ва тармими ҷасади Фиръавн, онро ба Миср бозгардонданд, вале Мурис Букой хотираш ором нагирифт, то инки тасмим гирифт ба кишварҳои исломӣ сафар кунад, то аз сиҳати хабар дар мавриди зикри наҷоти ҷасади Фиръавн тавасути Қуръон итминон ҳосил намояд.

Яке аз мусулмонон Қуръонро боз кард ва ин оятро барои ӯ тиловат намуд:

فَالْیَوْمَ نُنَجِّیکَ بِبَدَنِکَ لِتَکُونَ لِمَنْ خَلْفَکَ آیَةً وَإِنَّ کَثِیراً مِنَ النَّاسِ عَنْ آیَاتِنَا لَغَافِلُونَ )یونس:92(

Мо имрӯз пайкаратро (аз об) наҷот медиҳем, то ибрати ояндагон шавӣ ва ҳамоно бисёре аз мардум аз оятҳои мо бехабаранд.

Ин оят ӯро бисёр таҳти тиъсир қарор дод ва ларза бар андоми ӯ андохт ва бо садои баланд фарёд зад: “Ман ба Ислом дохил шудам ва ба ин Қуръон имон овардам”.

Мурис Букой бо тағйироти бисёре дар фикр, андеша ва ойин ба Фаронса бозгашт ва даҳҳо сол дар мавриди татобуқи ҳақоиқи илмии кашфшуда дар асри ҷадид бо оятҳои Қуръон таҳқиқ кард ва ҳатто як маврид аз оёти Қуръонро наёфт, ки бо ҳақоиқи собити илмӣ таноқуз дошта бошад.

Ва дар имони ӯ бар Каломулоҳи Маҷид афзуда шуд.

)لا یأتیه الباطل من بین یدیه ولا من خلفه تنزیل من حکیم حمید (

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст