ما أكْثرَ الْعِبَرَ وَ أقَلَ الإعْتَبارَ

«Чӣ бисёр ибратҳост ва чӣ кам аст ибрат гирифтан»

Барои баррасии таърихи омўзандаи Ислом ва Пайғамбар (с) ва нақши онҳо ночорем ба баррасии луғати таърих ва фоидаи он бипардозем ва сипас ба таври хулоса намудоре аз вазъияти ҷаҳон ва вазъияти Арабистон пеш аз беъсати Пайғамбари Ислом (с)-ро мавриди баррасӣ қарор диҳем, то арзиши тулўи хуршеди рисолат дар он торикӣ ва зулмонӣ бештар равшан шавад.


Таърих чист?
Таърих дар луғат ба маънои шиносондани вақт (
أرﱠخَ يُأرﱢخُ تَأرِيخاً ) аст ва илми таърих илме аст ки дарбаргирандаи зикри воқиятҳо ва ҳодисаҳо аст.
Таърих дар истилоҳ яъне илм ба воқиятҳо ва ҳодисаҳо ва вазъиятҳо ва ҳолатҳои зиндагии инсонҳо ва миллатҳое дар гузашта ва ҷамъоварии тамоми зиндагиномаҳо, шикастҳо ва фарозу нишебҳои зиндагӣ инсонҳо, ки навишита шуда ва ба ёдгор монда аст, мебошад. Таърихи нақлиро мудавван номида мешавад ва таърихи нақлии ғайри мудавван низ каму беш вуҷуд дорад, ки мо дар пайи баёни он нестем ва аз мавзўи баҳси мо берун аст ( ба илми деринашиносӣ ва бостоншиносӣ муроҷиа шавад).
Ҳолатҳои ҳодисаҳо то замони ки марбут ба ҳол аст, ҳодисаи рўз ва мавзўи рўз аст ва ба унвони мавзўи рўз дар ахбор ва рўзномаҳо сабт мешавад. Вале ҳамин, ки замонаш гузашт ва ба гузашта тааллуқ гирифт бастагӣ ба таърих дорад ва таърих номида мешавад.


Захираҳои таърих
Ҳар миллате таърихе дорад ва манобеи таърихи қавмҳо ва милллатҳо ҳамонандаи манобеъ ва захираҳои рўи заминӣ ва зери заминӣ аст, ки агар дуруст берун кашида ва баҳрабардорӣ шавад, омўзанда аст, ва метавонад сабаби тараққӣ ва пешрафти як миллат маҳсуб мешавад, зеро таърих ойнаи ибрат аст ва рози зиштиҳо (бенуриҳо) ва зебоиҳо, пирўзиҳо ва шикастҳо, пешрафтҳо ва ақибмондагиҳо, суқутҳо (поин рафтан) ва суъудҳо (боло рафтан)-и миллатҳоро ба инсонҳое ки дар ҳоло зиндагӣ мекунанд нишон медиҳад. Ислом ғанитарин (бойтарин)-и захираҳои таърихии башарро миёни динҳо дорад, зеро таърихи қавмҳо, миллатҳо,Пайғамбарон, ҷангҳои мувофиқону мухолифон ва тоғутҳо, дар Ислом ва Қуръон бозгў шуда аст.


Қуръон ва таърих

Қуръон китоби таърихӣ нест. Балки китоби «ҷомиулатроф» дар заминаҳои гуногун эътиқодӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, тарбиятӣ, илмӣ ва ҳатто низомию сиёсӣ аст. Ба таъбир дигар, китоби ҳидоят ва инсонсозест. Пас наметавонад як китоби таърихӣ бошад. Вале дар баҳрагирӣ аз ҳодисаҳои муфид ва созандаи таърих ихтирои вижа дорад. Ба ҳамин сабаб дар бисёри сураҳои Қуръон ба таърихи қавмҳои мухталиф, муборизоту истиқомати Пайғамбарону мардони ҳақ дар баробари золимон ва ситамгарони таърих, ишора шуда аст ва дар мавриди бисёре саргузашти умматҳо ва миллатҳои гузаштаро баён мекунад ва рўи тараққии онҳо такъя менамояд. Ба таври ки бахши қобили таваҷҷўҳе аз ин китоби осмониро масоили таърихӣ ташкил медиҳад. Мақсади муҳимми Қуръон аз бозгўи ин масоил, ҳидоят ва тарбияти инсонҳо ва ибратомўзист. Агар Қуръон саргузашти қавми Од (а)-у Самуд (а), достони туғёни Фиръавну Намруд, муборизаҳои ҳазрати Иброҳим (а), Исо(а), Мўсо (а) ва моҷарои Юсуф (а)-у Зулайхо ва ҳасади бародарони Юсуф (а) ва нопокӣ Зулайхо ҳамсари азизи Миср ва покдомании Юсуфро (а) нақл мекунад, фақат ба манзури нақли таърих ва саргузашт нест, балки ҳадаф ин аст, ки пайравони Қуръон аз онҳо дарси ибрат бигиранд. Агар Қуръон шикасти душманони Исломро нақл мекунад, ки бо вуҷуди дижҳои ( қалъаҳо) мустаҳкам ва нируҳои низомии фаровон саранҷом маҷбур шуданд аз тарси мусалмонон хонаҳои худро вайрон карда ва гурезанд ба ин сабаб аст ки ҳамаро омили ибрат медонад.

Онҷо ки мегўянд:

يُخْرِبُونَ بُيُوتَهُمْ بِأَيْدِيهِمْ
وَ أَيْدِي الْمُؤْمِنِينَ فَاعْتَبِرُوا يا أُولِي الْأَبْصار ِ(حشر/ 2 )
«Хонаҳои худро бо дасти худ ва дасти мўъминон, вайрон мекунанд, пас: Эй Соҳибони басират! Ибрат бигиред.»


Қуръон бо баёни муборизоти Илоҳӣ ва коршиканиҳои тоғутиён дар баробари даъватҳои онҳо ва ишора ба кўмакҳои Илоҳӣ ва ғайбӣ, ҳангоме ки нишонаҳои шикаст дар ҷанги ҳақпарастон ба чашм мехурад, мисли ҷанги Бадр, Уҳуд, Ҳунайн ва Хандақ ( ояҳои сураи Аҳзоб ва ғайра ) ҳадафи муҳим ва омўзанда барои ҳидоят ва тарбияти инсонҳо ва ҷомиа дорад ва илова бар дамидани рўҳи умед, мехоҳад ин воқеиятҳо сабаби панду ибрат бошад.


لَقَدْ كانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِأُولِي الْأَلْبابِ(يوسف/ 111 )
«Ба таҳқиқ дар саргузашти онҳо ибрате барои соҳибони ақл аст»


Ҳам чунин нақли ҳодисаҳои таърихии садри Ислом монанди ҳуҷуми Аҳзоб ва дилҳураи мусалмонон, коршикани қавми яҳуд (Аҳзоб ояи 8-25) ва ёдоварии нусрат ва кўмаки Илоҳӣ дар он лаҳзаҳои ҳассос ва умедвор кардани мўъминон ба пирўзӣ, ва таваккулу такъя бар қудрати Худованд дар сурати истиқомат пойдорӣ ва ҳатто ёдоварии бартарии мўъминоне ки суст нашавед ва наҳаросед, ки бартаред;


وَ لا تَهِنُوا وَ لا تَحْزَنُوا وَ أَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ (آل عمران/139 )
« Ва суст нашавед! Ва ғамгин нашавед! Ва шумо бартаред агар имон дошта бошед»,


ҳамаги барои ҳамин ҳадаф,яъне: Андешидан ва ҳидоят аст, ки мегўяд:
«
فَاعْتَبِرُوا يا أُولِي الْأَبْصارِ (حشر/2 ) » ё мегўяд: فَاقْصُصِ الْقَصَصَ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ (أعراف/176 )

ва дар бораи ғарқи фиравниён дар дарёи Нил мефармояд:
فَأَغْرَقْناهُمْ أَجْمَعِينَ فَجَعَلْناهُمْ سَلَفاً وَ مَثَلاً لِلْآخِرِينَ(زخرف/56 -55 )
« Тамоми онҳоро ғарқ кардем, пас ҳалокат онҳоро мояи ибрати ояндагон қарор додем» Қуръон барои пандгирӣ ва огоҳӣ аз суннати Илоҳии ҳоким бар ҷомиаҳои башарӣ, мардумро ба сайр дар замин, даъват мекунад, то осори хору зиллати мустакбирон лаҷуҷро ( сарсахт, якрав) дар баробари анбиё бингаранд. Ҳамонҳое ки ба қудрат, сарват (бойгари), имрон ва ободии замини худ, менозиданд.


أَ وَ لَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَيَنْظُرُوا كَيْفَ كانَ عاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ كانُوا أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَ أَثارُوا الْأَرْضَ وَ عَمَرُوها أَكْثَرَ مِمَّا عَمَرُوها وَ جاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّناتِ فَما كانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَ لكِنْ كانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ (روم/ 9 )


Ва низ мефармояд:

قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِكُمْ سُنَنٌ فَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُروا كَيْفَ كانَ عاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ (أل عمران/137

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст