Ҳикоят

        Худованд арҳамарроҳимин аст.

   Нақл аст, ки қавми яҳуд Ҳазарти Мӯсо (а)- ро хеле озору азият карданд. Яҳудиён яке аз қавмҳое ҳастанд, ки бештарин Паёмбар ба сӯяшон  фиристода шудааст, аммо онҳо ҳам бештарин озору азиятро ба паёмбарони илоҳӣ расонданд, ки дар Қуръон ва таърих рафторҳои онҳо омадааст. Яке аз паёмбароне, ки аз дасти қавми худ бештарин озорро дид Ҳазари Мӯсо (а) буд. Он Ҳазрат баъд аз он ки натавонист бо ин қавми лаҷуҷ ба натиҷа бирасад, маҷбур шуд аз дасти онҳо назди Худои Мутаол шикоят барад....

     Худованд ба Мӯсо (а) фармуд, ба қавми яҳуд бигӯ се моҳ фурсат доранд, то худро ислоҳ кунанд ва аз ту пайравӣ кунанд... агар худро ислоҳ накунанд ва аз ту пайравӣ накунанд, балое бар сарашон нозил мекунам, ки бар ҳеҷ қавме нозил нашуда бошад, то ҳафт насл баъд дар борааш сухан бигӯянд.

      Ҳазрати Мӯсо (а) фармони Павардигорашро ба онҳо расонд.  Вале онҳо ба ҷой ин ки худро ислоҳ кунанд ва аз Паёмбари худ пайравӣ кунанд, уламои яҳуд ҷамъ шуданд ва ба фикри чора афтоданд, ки чӣ кор кунанд, то дар азоби илоҳӣ гирифтор нашаванд ва ё азоб ва бало омад хасорати камторе бибинанд?

      Онҳо дар ниҳоят хулоса бароварданд, ки аз деворҳои хонаҳои худ бар рӯӣ ҳамдигар роҳ боз кунанд, то агар балое нозил шуд, битавонанд хеле зуд ба ҳамдигар кӯмак кунанд ва аз зиёну хасорати бештар ҷилавгирӣ кунанд.

       Ҳама бо ҳам дар ҳолати омодабош буданд, ки дар сурати вуқуи ҳар ҳодисае битавонанд, ба ҳамдигар кӯмак кунанд. Яъне як ҳолати омодабоши умумӣ барои кӯмак ба ҳамдигар.

     Аммо се моҳ гузашт, онҳо ҳамчунин интизор мекашиданд, чаро ки онҳо медонистанд ваъдаи Худованд ҳақ аст, Мӯсо (а) ҳам дуруғ намегӯяд, Паёмбари Худо аст, вале хабаре аз ҳодиса ва бало нашуд.

      Бузургони онҳо назди Ҳазари Мӯсо (а) рафтанд ва бо ҳолати масхара ва тамасхур гуфтанд, дидӣ на ту ва на Парвадигорат наметавонад коре кунад?!

     Ҳазарти Мӯсо (а) аз ин кори онҳо хеле нороҳат шуд ва ба мулоқоти Парвардигораш рафт, вақте бо Худо розу ниёз мекард, пурсид Худоё чаро ба ваъдаи худ амал накардӣ...? Ҳазрати Мусо (а) медонист, ки дар кори Худо як ҳикмате аст, ки балоро нозил накарда аст.

     Парвардигор ба Мӯсо фармуд: Эй Мӯсо чи касе арҳамарроҳимин аст? Ҳазрати Мӯсо (а) посух дод, арҳамарроҳимин ту ҳастӣ эй Парвардигори ман.

     Худованд дар ҷавоби Мӯсо (а), ки иллати нафиристодани бало ва ваъдаи азобро пурсида буд, фармуд, оё надиди онҳо бо шунидани нузули бало чӣ гӯна омода шуда буданд, ки ҳамдигарро кӯмак кунанд?

    Оё мехоҳӣ, ки онҳо ба ҳамдигар раҳм кунанд ва ман бар онҳо раҳм накунам, то онҳо арҳамарроҳимин шаванд?  

      Биёед ба ҳамдигар меҳрубонӣ ва раҳм кунем, то Худованд ҳам ба мо раҳму меҳрубонӣ кунад, то таваҷҷӯҳ ва инояти Худоро нисбат ба худ ва миллатамон ҷалб кунем. Ин ҳикоят мехоҳад бигӯяд, роҳи наҷот пайдо кардан аз балоҳои фарогир меҳрубонӣ ва кӯмак ба ҳамдигар аст, ҳатто касоне, ки ба Худо имон надошта бошанд ҳам бало бар онҳо нозил намешавад, ба шарти ин ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд.

     Ин рӯзҳо миллати мо ҳамчун дигар миллатҳо гирифтор коронавирус шудааст, иловаи бар ин ки мушкилоти иқтисодӣ ва маишатии шадид доранд, пас биёед бо ҳамдигар раҳм кунем ва пуштибони ҳам бошем, то Худо низ ба мо раҳм кунад, ҳатман раҳм хоҳад кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст