Please update your Flash Player to view content.

hilol

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Достони ҳилоли моҳи Рамазон

Қисмати аввал

Муқаддима

Достон ҳикоят аз воқеияте мекунад, ки инсон дар зиндагии худ бо он рӯ ба рӯ мешавад, худи достон ҳам як воқеияте аст, ки дар гузашта итифоқ афтодааст ва он гузашта метавоанд як лаҳза пеш бошад ва ё асрҳо пеш. Гоҳе ибратҳое дар онҳо вуҷуд дорад, ки метавоанад дар роҳнмоии зиндагӣ бисёр таъсиргузор бошад ва барои инсон ирбратомӯз ва сармашқ бошад. Гоҳе инсон дар асари фиреб ва фаромӯш кардани худ, фикр мекунад худаш метавоанд зиндагии худро бидуни кӯмаки иллоҳӣ ва ёрии Ӯ пеш барад, дар ҳоле ки оҷизтар ва нотавонтар аз он аст, ки битавонад ҳақиқатро бидуни роҳнамоии Паёмбарон (а) ва имомони ҳидоят ташхис диҳад. Ӯ гоҳе бо як мӯй, ки инсӯ он сӯ мешавад, ба иштибоҳ роҳ медиҳад ва дучори лағзиш мешавад.

  Достони ҳилоли моҳи Рамазон ҳам аз ҳикоятҳое аст, ки ба инсон ёдоварӣ мекунад, агар ӯ даст аз домани дин бардорад ва роҳнамоии Паёмбар (с) нодида бигирад, дар зиндагӣ ва умури рӯзонаи он дучори мушкил ва худфиребӣ мешавад; чи бирасад ба умури маънвӣ ва диние, ки бархе аз мактабҳо барои инсон муаррифӣ мекунанд, ки имрӯза маъруф аст ба »маънавияти бидуни дин«.

Ин ки ин достон иттофқ афтодааст, ё аз хаёлпардозиҳои Мавлавӣ дар Маснавӣ аст, баҳс аст, аммо паём ва нуктае, ки ин достон дорад ҳақиқат аст ва наметавон онро инкор крад. Достон дар Маснавӣ чунин омадааст:

Асли достон

Нақл шудааст, ки гурӯҳе аз муаллимон барои дидани ҳилоли моҳи Рамазон ба болои баланди рафтанд ва аз онҷо нигоҳ карданд, то ин ки моҳро бибинанд ва моҳи Рамазонро эъолн кунанд. Онҳо ҳарчи нигоҳ мекарданд, чизе намедиданд. Ногаҳон яке аз онҳо гуфт: Ин аст моҳ ва ман ҳилоли моҳро мебинам, аз онҷое, ки бояд моҳро бештар аз ду нафар бибинад, то эълони моҳи
Рамазон кунанд, касоне, ки онҷо буданд ҳарчи нигоҳ карданд, чизе надиданд ва он фард исрор мекард, ки моҳро мебинад. Шахсе дар миёни онҳо ба чеҳраи касе, ки иддао мекард, моҳро мебинад. нигарист ва дид як мӯй аз абрӯи он бинанда каҷ шудааст ва дар пеши чашмаш қарор гирифта аст, ки барои ӯ ҳилоли моҳро дар чашмаш нишон медиҳад! Он шахс ба бинандаи ҳилоли моҳ гуфт: Ангуштонатро тар кун ва ба абруҳоят бикаш. Ҳангоме ки он мард ангуштонашро ба абрӯҳояш кашид , ҳар чи ба уфуқ нигоҳ кард, чизе надид. Ин буд достон моҳи Рамазон ва онҳо моҳи Шаъбонро си рӯз комил карданд.

Ҳилол пиндоштани он шахс хаёлро дар аҳди Умар (рз)

Моҳи рӯза гашт дар аҳди Умар,               Бар сари кӯҳе давиданд он нуфар.

То ҳилоли рӯзаро гиранд фол,                  Он яке гуфт: “Эй Умар, инак ҳилол”

Чун Умар бар осмон маҳро надид,          Гуфт, к-ин маҳ аз хаёли ту дамид.

В-арна ман бинотарам афлокро,              Чун намебинам ҳилоли покро?

Гуфт: “Тар кун дасту бар абрӯ бимол,”  Онгаҳон ту дарнигар сӯйи ҳилол.

Чунки ӯ тар кард абрӯ, маҳ надид,           Гуфт: Эй шаҳ, нест маҳ, шуд нопади.

Гуфт: “Оре, мӯйи абрӯ шуд камон,          Сӯйи ту афканд тире аз гумон”.

Чун яке мӯ каж шуд, ӯро роҳ зад,            То ба даъво лофи диди моҳ зад.

Мӯйи каж чун пардаи гардун бувад,       Чун ҳама аҷзот каж шуд, чун бувад?

Рост кун аҷзотро аз ростон,                       Сар макаш, эй рострав, з-он остон.

Ҳам тарозуро тарозу рост кард,                Ҳам тарозуро тарозу кост кард.

Ҳар кӣ бо норостон ҳамсанг шуд,             Дар камӣ афтоду ақлаш данг шуд.

Рав “ашиддоъу ала-л-куффор” бош,       Хок бар дилдории ағёр бош.

Бар сари ағёр чун шамшер бош,              Ҳин, макун рӯбоҳбозӣ, шер бош.

То зи ғайрат аз ту ёрон насгуланд,           З-он ки он хорон адувви ин гуланд.

Оташ андарзан ба гургон чун сипанд,     З-он ки он гургон адувви Юсуфанд.

“Ҷони бобо!” гӯядат Иблис, ҳин!             То ба дам бифребадат деви лаъин.

Инчунин талбис бо бобот кард,                Одамиро ин сиярухмот кард.

Бар сари шатранҷ чуст аст ин ғуроб,       Ту мабин бозӣ ба чашми нимхоб.

З-он ки фарзин бандҳо донад басе,          Чун бигирад дар гулӯят чун хасе.

Дар гулӯ монад хаси ӯ солҳо,                     Чист ин хас? Меҳри ҷоҳу молҳо.

Мол хас бошад чу ҳаст, эй бесубот!         Дар гулӯят монеъи оби ҳаёт.

Гар барад молат адувве, пурфане,            Раҳзанеро бурда бошад раҳзане.

  Паёмҳои ин достон

  Вақте каҷ шудани як мӯи абрӯ дар болои чашм боис шавад, ки моҳи дуруғин барои инсон ба вуҷуд оварад ва инсон бар ин исрор кунад, ки моҳро дидааст ва вуруди моҳи Рамазонро натиҷа бигиард, вой ба ҳоли инсоне, ки худаш каҷ шавад, чӣ хоҳад кард ва чӣ бар сари мардум хоҳад овард? Дигар моҳи дуруғ намесозад, балки хуршедро ҳам ба дуруғ нишон медиҳад. Вақте афкор ва эътиқодоташ каҷ ва мунҳариф шавад, ботилро ҳақ ва ҳаққро ботил нишон медиҳад, бо ҳар чизе бархӯрди инҳирофӣ дорад. Он бандаи Худо тақсире надошт ва дуруғ ҳам намегуфт, балки иштибоҳ медид, вақте фаҳмид, он қадар виҷдон ва тавфиқе дошт, ки ҳақро бипазирад ва исрор накунад, вале бархеҳо дар инҳирофи эътиқодӣ ва фикрӣ ҳастанд ва бар инҳирофи худ пофишорӣ мекунанд.

Гоҳе инсон дар худ як шахсияти хаёли ва ғайри ҳақиқиро эҳсос мекунад ва ба истилоҳ як худи ғайри ҳақиқӣ барои худ месозад ва ӯро асли вуҷудаш медонад ва тамоми талошаш барои исботи чизи ғайри ҳақиқӣ ва ғайри воқеӣ аст. Инсон дар асари бетаваҷҷӯҳӣ ба шахсияти аслӣ ва зоташ, як шахси фиребанда барои худ ба вуҷуд меоварад, ки дигар на танҳо боиси фиреби худ мешавад, балки асосои кораш фиреб аст ва бар ҳар дуруғе исрор мекунд, чаро ки он буъд аз рӯҳи инсон, ки қарор буд ба ҳақ ӯро бирасонад, тамоман инҳирофӣ ва каҷ шудааст.

Вақте як мӯи каҷ метавонад инсонро фиреб диҳад, пас танҳо роҳе, ки ӯро аз фиреби худаш ва боварҳои каҷшудааш наҷот медиҳад, дини ислом ва итоат аз дастуроти Худо ва Паёмбар (с) аст. Ҳамон тавре, ки як абрӯи каҷ метаовнад фиреб диҳад ва моҳтоб барояш бисозад ва рӯзҳоро пешу ақиб кунад, инсонҳои каҷ ва мунҳариф, андешаҳои инҳирофӣ, мактабҳои инҳирофӣ дигар як рӯзро пеш ё ақиб нишон намедиҳанд, балки тамоми воқеиётро барои ӯ дигаргун мекунанд, ҳатто худашро. Инсон то худашро аз инҳироф наҷот надиҳад ва рӯҳи худро аз палидиҳо пок накунад, бо ҳар чизе, ки дар ҷаҳони ҳастӣ вуҷуд дорад, мунҳарифона ва ғайри ҳақиқӣ бархӯрд мекунад. Ҳосил ва натиҷаи худфиребӣ ин аст, ки худифиребанда дар инсон асл ва асос мешавад.

Чаро ки ӯ худи фиребандаро дар вуҷудаш парвариш додааст, ҳар ростиро каҷ мебинад, бо худ бо садоқат рафтор намекунад ва ҳеҷ вақт бо ҳақиқат ва воқеияти худ рӯ ба рӯ намешавад.

Идома дорад....

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить