15-уми моҳи мубораки Рамазон - мелоди имом Ҳасан(рз)


Нахустин меваи пайванди мубораки имом Алӣ(к) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) духтари гиромии Расули Худо(с) имом Ҳасан(рз) дар 15 Рамазони соли севуми ҳ.қ. дар шаҳри Мадинаи Мунаввара дида ба ҷаҳон гушуд. Машҳӯртарин куняи эшон Абӯмуҳаммад ва лақабҳои эшон Муҷтабо ва Сибти акбар аст.
Ҳангоме ки баъд аз таваллуд ӯро ба назди Паёмбари Акрам(с) оварданд, ҳазрат дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш иқома гуфтанд ва ба илҳомоти ғайбӣ номи ӯро Ҳасан гузоштанд, ки дар он рӯз дар миёни араб маъруф набуд.
Имом Ҳасан(а) аз ҳамаи ҷиҳат ҳасан аст ва гӯӣ ҳусну ҷамол ва камол дар ӯ комил шудааст, зеро ҷадде чун Расули Худо(с) ва афзали анбиё, ҷаддае чун Хадичаи Кубро, падаре чун Алии Муртазо афзали авсиё, модаре чун Фотимаи Заҳро сарвари занони ду олам ва аҳли биҳишт, бародаре чун имом Ҳусайн мисбоҳи ҳидоят ва сафинаи наҷот, хоҳаре чун Зайнаби Кубро, аламдори Карбало ва паёмовари Ошӯро дорад.
Вай аз тарафи Расули Худо(с) ба унвони сарвари ҷавонони биҳишт, имоми воҷибулитоат (чӣ дар ҳоли қиём ва чӣ дар ҳоли қууд) ва касе, ки ризояташ боиси ризояти Паёмбар(с) аст, муаррифӣ шудааст.
Ҳамчунин аз касонест, ки ояти Татҳир, Мубоҳила, Вилоят, ҳадиси Кисо, ҳадиси Сақалайн, итрати Паёмбар(с), ва... дар ҳаққашон нозил шудааст ва ё Паёмбар(с) баён фармуд.
Фазоили ҳазрат чунон зиёд аст, ки дар ин мухтасар маҷоли овардани он нест.
Ин имоми ҳумом ҳангоми реҳлати Паёмбар(с) фақат 7 сол дошт.
Муддати 30 соли умри худро дар канори падар гузаронд. Дар ин даврон дар канори падар ва ёру ёвари ӯ буд. (Махсусан дар даврони хилофати падараш, ки нооромиҳо ва ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон пеш омад имом Ҳасан(рз), ки фарзанди диловар буд парчамдор ва қаҳрамоне дар рикоби падар буд.
Пас аз шаҳодати падараш Алӣ(к) он ҳазрат бар болои минбар рафт ва хутбае хонд ва дар он аз масъалаи интиқоли хилофат ва имомат аз падараш ба худаш сухан гуфт ва коргузорони хешро барои идораи умури хилофат муаррифӣ кард. Хилофати имом Ҳасан(рз) 6 моҳ буд. Ҳарчанд дар ин муддат Муовия ибни Абисӯфёни боғӣ коршиканӣ ва бо ҳазрат ҷангид, то сулҳи таҳмилӣ бар ҳазрат пеш омад.
Ва саранҷом имом Ҳасан(рз) дар соли 50 ҳ.қ. дар сини 47 солагӣ аз тарафи ҳамсараш, ки фиреби ваъдаи мунофиқонро хӯрда буд, заҳр хӯронда шуд ва ба шаҳодат расид.
Ҷасади ӯро тибқи васияташ мехостанд ба даври қабри ҷаддаш Расули Худо(с) тавоф диҳанд, аммо иддае пеши ин корро гирифтанду нагузоштанд. Имом Ҳасан(рз) бо пешбинии ин кор ба бародараш имом Ҳусайн(рз) васитят намуда буд, ки мабодо дар ҳангоми дафни ман даргирӣ рӯх диҳад. Он ҳазрат дар канори модарбузургаш Фотима бинти Асад дар қабристони Бақеъ ба хок супорида шуд.
Дуруду раҳмату саломи Худо бар имом Ҳасан(рз) бод!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст