Имом Хумайнӣ дар истифодаи барқ хеле сарфаҷӯӣ мекард. Дар ҳуҷраи дарунӣ, ки ҷои истироҳат ва мутолеи ишон буд се чароғ буд: як дона маҳтобӣ, як чароғи 100 волт ва як чароғи майдаи 15 волт.
Вақте имом Хумайнӣ Қуръони Каримро тиловат мекард ё гузоришҳои гуногунро мехонд ду чароғи маҳтобӣ ва 100 волт равшан буд, вале вақте тиловат ва мутолеаи ишон тамом мешуд бо вуҷуди пиронсолӣ ва сахтии бархостан, худаш аз ҷояш мехест ва чароғро хомӯш мекард ва фақат аз нури маҳтобӣ истифода мекард. Он гоҳ, ки ба намоз меистод ниёзе ба маҳтобӣ ҳам намедид ва фақат чароғи 15 волтро равшан мекард.
Муҳаммадҳасани Раҳимиён, аз китоби Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ.80

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст