Ҳазрати Хадиҷа(рз) пас аз ҳудуди 25 сол зиндагии пур фарозу нишеб бо Расули Худо(с) ва як умр талош ва кӯшиш ва ҳамроҳиву ҳамкорӣ ва итоат аз ҳазрати Муҳаммад(с) бар асари беморие, ки баъд аз се сол муҳосираи иқтисодии золимонаи Қурайш кашид дар синни 65 солагӣ дар даҳуми моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат баъд аз намози субҳ ҷон ба ҷонофарин таслим кард.
Даргузашти ҳазрати Хадиҷа(рз) барои Расули Худо(с) хеле сахт омад ва ғами сангини дигаре бар ғамҳояш афзуд, чунки ҳанӯз 35 рӯз аз марги амӯи фидокораш Абӯтолиб намегузашт.
Пас аз реҳлати бонуи исору фидокорӣ ва меҳрубониву вафодорӣ Расули Худо(с) бар болинаш нишаста буд ва дар фироқаш гиря мекард. Ногаҳон ҳазрати Ҷабраил(а) дар ҳоле ки кафане аз биҳишт оварда буд фуруд омад ва гуфт: Эй, Расули Худо, Худованд ба ту салом мефиристад ва мефармояд: Хадиҷа амволашро дар роҳи мо сарф кард ва мо сазовортарем, ки кафанашро ба ӯҳда гирем.
Расули Худо(с) худ шахсан ҳазрати Хадиҷаро ғусл дод, ҳанут молид ва бо порчае, ки ҳазрати Ҷабраил аз сӯи Худо оварда буд кафан намуд. Сипас бо иддае аз занони мусулмон он бонуи бузурги Исломро то қабристони Ҷаҳун ҳамроҳӣ кард. Дар ҳоле ки ашк аз чашмони Расули Худо(с) ҷорӣ буд ба қабр даромад ва дар он хобид ва барои Хадиҷа дуо кард. Баъд бархост ва бо дасти хеш ҳамсарашро дар лаҳад гузошт ва он гоҳ санги лаҳадро дар ҷояш устувор сохт.
Вақте Расули Худо(с) ба хона баргашт Фотима ба гирди падар мегашт ва мегуфт: Падарҷон, модарам куҷост?
Паёмбар барои ҷавоб додан ба фикр фуру рафт. Дар ин замон ҳазрати Ҷабраил омад ва гуфт: Дар посухи Фотима бигӯ: Модарат бооромиш ва роҳат дар кохе, ки аз забарҷад сохта шуда зиндагӣ мекунад.
Ҳазрати Хадиҷа бартарин ҳамсари Паёмбар(с), навиштаи Абдуллоҳи Алӣ Бахшӣ, саҳ. 122-123
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст