Марде бо либосу кафшҳои қиммат ба деворе хира шуда буд ва гиря мекард.
Наздикаш шудам ва бо диққат ба нуқтае, ки хира шуда буд нигоҳ кардам. Дар онҷо навишта шуда буд: “Ин ҳам мегузарад”.
Сабаби гиряашро пурсидам.
Гуфт: Ин навиштаи ман аст. Чанд сол пеш дар ин макон ҳезум мефурӯхтам ва зиндагиамро ба зур пеш мебурдам ... ва имрӯз соҳиби чандин корхонаам.
Пурсидам: Пас чаро дубора ба ин ҷо баргаштӣ?
Гуфт: Омадам то дубора бинависам: “Ин ҳам мегузарад”.
Пас додаҳои Худоро қадр бидонем ва шукр кунем, чун мумкин аст, рӯзе онро дигар надошта бошем!
Гар ба давлат бирасӣ, маст нагардӣ, мардӣ!
Гар ба зиллат бирасӣ, паст нагардӣ, мардӣ!
Аҳли олам ҳама бозичаи дасти ҳавасанд
Гар ту бозичаи ин даст нагардӣ, мардӣ!
Шоир: Бадриддин Ҷоҷармӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст