Ҷавоне аз ҳаким пурсид: Рози муваффақият чист?
Ҳаким гуфт: “Фардо канори дарё биё то бигӯям.”
Субҳи фардо ҷавон муштоқона ба канори дарё рафт.
Ҳаким аз ӯ хост, ки бо ҳам ба дарё биравем. Ҷавон бо ӯ ба роҳ афтод.
Он қадар пеш рафтанд то об ба гардани онҳо расид. 
Ногаҳон ҳаким ҷавонро зери об фурӯ бурд.
Ҷавони ноумед талош кард то раҳо шавад, аммо ҳакими қавӣ ӯро нигаҳ дошт то рангаш кабуд шуд. Саранҷом худро халос кард. Ҳамин ки ба рӯи об омад нафаси амиқ кашид ва ҳаворо фурӯ фиристод.
Ҳаким пурсид: “Зери об ба чӣ чизе беш аз ҳама муштоқ будӣ?”
Гуфт: “Ҳаво-нафас.”
Ҳаким гуфт: “Ҳар вақт ба миқдори иштиёқи ҳаво муваффақиятро муштоқ шудӣ, талош хоҳӣ кард, ки онро ба даст биёрӣ. Розаш ҳамин аст.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст