کلید در دست خودم
Рӯзе бо дӯстам аз канори дукони рӯзномафурӯшӣ мегузаштем. Дӯстам рӯзномае харид ва бо адаб аз рӯзномафурӯш ташаккур кард, вале ӯ ҳеҷ посухе надод. Вақте аз дукон дур шудем ба дӯстам гуфтам: Чӣ марди туршрӯе!
Дӯстам гуфт: Ӯ ҳамеша ҳамин тавр аст.
Гуфтам: Пас чаро бо эҳтиром аз ӯ ташаккур кардӣ?
Дӯстам бо тааҷҷуб гуфт: Чаро ӯ бояд барои рафтори ман тасмим бигирад ва ман рафтори худро бо ӯ танзим кунам?
Дидам ҳақ бо ӯст. Инсон аввал масъули тағйир додани мусбати худаш ҳаст. Агар ин дуруст шуд метавон умед дошт, ки битавонад тағйири мусбате дар дигарон эҷод кунад. Фурсат кам аст. Пас калиди танзим ва тасмими афкор, гуфтор ва рафторамонро ба дасти дигарон надиҳем.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст