Ҳазрати Ҳушаъ(а), ки буд?

Ҳазрати Ҳушаъ (а) аз пайғамбарони илоҳӣ аст, ки бар қавми Бани Исроил мабъус гардид. Номи ҳазрати Ҳушаъ (а) дар Қуръони Карим наёмада аст, вале дар Инҷили Барнобо бо талаффузи «Ҳушаъ» ва дар китоби Ҳушаи наби (а) бо талаффузи «Ҳушаъ» аз ӯ ёд шудааст. Дар Инҷили Барнобо омадааст, ки ҳазрати Ҳушаъ(а) амири сибти нафтоли буд ва маҳалли иқомати ӯ дар наздики кӯҳи Кармил (дар шимол ғарби Фаластин).

Ҳазрати Ҳушаъ (а) чаҳордаҳ сол умр дошт, ки дороии худро фурӯхт ва ба фуқаро бахшид ва ба хидмати ҳазрати Ҳаҷҷи (а) рафт. Ҳушаи наби бисёр ба тиловати Таврот ва садақа додан алоқаманд буд то он ҷо, ки барои ӯ ҷуз ду ҷома боқи намонд ва чунон шуд, ки рӯзе дуздони Сурия дасти яғмо бар сарзамини Фаластин гушӯда, писари бевазанеро ба асорат бурданд ва ба таври иттифоқи дар он вақт, Ҳушаъ (а) барои гирдовари ҳезум ба саҳро мерафт, ки ба он бевазан бархурд, ки мегирист ва аз моҷаро хабардор шуд.

Пас ҳазрати Ҳушаъ (а) худро ба бардагӣ фурӯхт ва баҳояшро ба он бевазан, ки аз воқеаи охир бехабар буд, дод ва ӯ фидя(миқдоре пул) пардохт ва писаршро озод сохт. Аммо харидори Ҳушаъ (а) ӯро бо худ ба манзилаш дар Байтулмуқаддас бурд. Ҳаҷҷи наби (а) аз ғайбати Ҳушаъ (а) дилгир шуд, пас фариштаи Худованд ӯро огоҳ сохт ва Ҳаҷҷи (а) сахт гирист ва сипас ба ҳамроҳӣ ду тан аз шогирдонаш ба сӯи Байтулмуқаддас равон шуданд ва дар дарвозаи шаҳр ҳазрати Ҳушаъ (а)ро диданд, ки боре аз нон бар пушт дорад то ба коргарони токистон бирасонад.

Онгоҳ Ҳаҷҷи (а) бо Ҳушаъ (а) ба хона соҳибаш(касе ки ӯро харида буд) рафт ва чун он мард Ҳаҷҷиро шинохт, хушнуд шуд ва гуфт: Фархунда бод Худои мо, ки пайғамбари худро ба хонаи ман фиристодааст ва хост, ки дасти Ҳаҷҷи (а)ро бибӯсад, аммо Ҳаҷҷи (а) фармуд: Эй бародар, дасти ғуломеро, ки харидаи бибӯс, зеро ӯ беҳтар аз ман аст ва сипас ба тамом моҷаро ӯро хабар дод ва он мард Ҳушаи наби (а)ро озод кард.

Қабри ҳазрати Ҳушаъ (а)

Аз солҳои поёни умри ҳазрати Ҳушаъ (а) ва маҳалли дафни ӯ иттилое дар даст нест, аммо мазори мансуб ба ҳазрати Ҳушаъ (а) дар ғарби Урдун(Иордания) вуҷуд дорад. Ин буқъа дар шаҳраки «Зи» дар наздикии шаҳри «Салт» дар ғарби Урдун воқеъ шудааст. Дар канор ин буқъа масҷид ва китобхонае низ ба тозагӣ сохта шудааст.

Интисоби ин буқъа ба ҳазрати Ҳушаи пайғамбар (а) бар асоси иттилооти бумӣ аст ва санади мустаҳкаме дар ин бора вуҷуд надорад ва шояд ба ҳамин далел аст, ки бархе аз мардум, ин мақбараро ба ҳазрат Юшаъ ибни Нун (а) ҷонишини ҳазрати Мӯсо (а) нисбат медиҳанд ва ҳол онки ҳазрат Юшаъ (а) дар кӯҳҳои шимоли Фаластин ба хок сипурда шуда аст ва ин иштибоҳ шояд ба далели шабоҳати талаффузи «Ҳушаъ» ва «Юшаъ» пеш омадааст.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст