Яке аз тобеиёни бузург Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) бузургтарин ситамгар ва золими таърихи Ислом, Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи сақафиро барои зулму ситамаш ба мардум, итоб намуда барои чунин рафтораш сарзанишаш намуд. Ҳаҷҷоҷ дустур дод то ӯро боздоранд ва ба наздаш ҳозир намуда ба қатл расонанд.

Ҳаҷҷоҷ дар ҳоле, ки ӯро ба хубӣ мешинохт, боз ҳам таҳқиромезона пурсид: номат чист?

Гуфт: Саъид ибни Ҷубайр (яъне: Хушбахт фарзанди Ношикаста)

Ҳаҷҷоҷ гуфт: балки ту Шақӣ ибни Касир ҳастӣ (яъне: Бадбахт фарзанди шикаста ҳастӣ).

Саъид гуфт: модарам, ки номамро гузоштааст, маънояшро ӯ беҳтар медонист.

Ҳаҷҷоҷ дар ғазаб омада гуфт: ту ҳам бадбахтӣ ва модарат.

Саъид гуфт: бадбахт касе метавонад бошад, ки дузахӣ аст, ва оё ту аз ғайб огаҳӣ?

Ҳаҷҷоҷ дар посухаш гуфт: дунёатро ба оташи шуълавар мубаддал мегардонам.

Саъид гуфт: савганд ба Худо агар медонистам, ки ин кор ба дасти туст, ғайр аз Худо туро Худо мегирифтам.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: эй Саъид намуди маргатро худат ихтиёр кун.

Саъид гуфт: балки инро худат ихтиёр кун, ҳар гуна, ки маро мекушӣ Худо ҳамон гуна туро мекушад.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: он гуна туро хоҳам кушт, ки касеро қабл аз ту накушта будам ва дар оянда ҳам нахоҳам кушт..

Саъид гуфт: агар дунёмро барбод медиҳӣ, ман охирати туро барбод медиҳам.

Ҳаҷҷоҷро тоқаташ тоқ шуда посбононро фарёд зада гуфт: ӯро бурда бикушед.

Саъидро дар ҳоле, ки кашола карда мебурданд, механдид. Ҳаҷҷоҷро оташи ғазабаш шуълавар шуда гуфт: чи чизе туро ба ханда овардааст?

Саъид гуфт: Ҷасоратат бар Худо ва шафқати Худо бар ту, маро ба ханда овардааст.

Қаҳру ғазаби Ҳаҷҷоҷ боз ҳам шуълавартар шуда фарёд зада гуфт: ӯро бикушед.

Саъид гуфт: рӯямро ба сӯи қибла бигардонед.

Сипас шамшерро бар гарданаш ниҳоданд, ӯ гуфт:

إني وجهت وجهي للذي فطر السموات والأرض حنيفا مسلما وما أنا من المشركين

«Ман аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардаам, ки осмонҳову заминро офаридааст ва ман аз мушрикон нестам» (Сураи Анъом, ояти 79).

Ҳаҷҷоҷ гуфт: рӯяшро аз қибла ба дигар тараф бозгардонед.

Саъид гуфт:

ولله المشرق والمغرب فأينما تولوا فثم وجه الله

«Машриқу мағриб аз они Худост. Пас ба ҳар ҷое, ки рӯ кунед, ҳамон ҷо рӯ ба Худост…» (Сураи Бақара, ояти 115).

Ҳаҷҷоҷ гуфт: рӯяшро бар замин бигзоред.

Саъид гуфт:

منها خلقناكم وفيها نعيدكم ومنها نخرجكم تارة أخرى

«Шуморо аз замин офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем» (Сураи Тоҳо, ояти 55).

Ҳаҷҷоҷ фарёд зад: ӯро бикушед! Чӣ қадар забонат ба Қуръон гӯёст эй Саъид.

Саъид гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ, ва ашҳаду анна Муҳаммада расулуллоҳ. Бигир ҷонамро эй Ҳаҷҷоҷ! То инки дар қиёмат бо он домангират шавам. Сипас гуфт: Худоё ӯро пас аз ман бар касе дигар мусаллат нагардон.

Акнун Саъид кушта шуд, аммо чизи шигифтовар ин аст, ки пас аз марги ӯ Ҳаҷҷоҷ ҳар шаб бо оҳу воҳ фарёдзанон мегуфт: чӣ аст бар ман ва Саъид ибни Ҷубайр! Ҳаргоҳ мехоҳам бихобам поямро медорад.

Танҳо пас аз гузашти 15 рӯз аз марги Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) Ҳаҷҷоҷ ҷон таслим намуд.

Яъне пас аз дуои Саъид натавонист дигар бар касе мусаллат гардид, балки худ ҷон супурд.

Tojikon.org

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст