aks

 Подшоҳе ду ғулом арзон харид,

Бо яке з-он ду сухан гуфту шунид.

Ёфташ шириндилу ширин ҷавоб,

Аз лаби шакар чӣ ояд? Шакароб.

Одами махфист дар зери забон,

Ин забон пард аст дар кори ҷаҳон.

Чунки боде пардаро дарҳам кашид,

 

Сирри саҳни хона бар мо шуд падид.

К-андар он хона гуҳар, ё гандум аст,

Ганҷи зар, ё ҷумла мору каждум аст.

Подшоҳе ду ғулом харид. Яке хушрӯ, ширинзабон, боҳушу зирак буд, дигаре зиштрӯ ва гандадаҳон. Аввалиро ба гармоба фиристоду дастур дод ҷомаи нав ба ӯ бипӯшонанд. Он гоҳ ба дуввумӣ гуфт: Он дӯст аз ту мегуфт, ки каҷниҳоду номардӣ.

Ғулом гуфт: Ӯ одами ростгӯй ҳаст ва айби маро беҳтар медонад.

Гуфт: Пайваст будаст ӯ ростгӯ,

Ростгӯе ман надидастам чу ӯ.

Каж надонам он накӯандешро,

Муттаҳам дорам вуҷуди хешро.

Ҳар касе гар айби худ дидӣ зи пеш,

Ки будӣ фориғ худ аз ислоҳи хеш.

Ғофиланд ин халқ, аз худ бехабар,

Лоҷарам гӯянд айби якдигар!

Шоҳ гуфт: Ҳоло ту аз айбҳои ӯ бигӯ!

Ғулом гуфт: Айби ӯ меҳру вафост, айби ӯ ҷавонмардию сафост!

Айби дигар он, ки худбин нест ӯ,

Ҳаст ӯ дар ҳасти худ айбҷӯ.

Шоҳ гуфт: Барои он чӣ гуфтӣ, бояд савганд бихурӣ.

Ғулом гуфт: Ба бузургии Худо, ба Одаму Ҳаво ва Мӯсою Исо, аз ӯ ҷуз он чӣ гуфтам, чизе намедонам!

 

Шоҳ гуфт: Ҳоло аз худат бигӯ

Гуфт: Амали ҳар кас ба нияти ӯст.

Чист асли мояи ҳар пешае?

Ҷуз хаёлу ҷуз ғараз в-андешае.

Ҷумла ашёи ҷаҳонро бе ғараз,

Дар нигар-ҳосил нашуд ҷуз аз араз.

Аввали фикр, охир омад дар амал,

Буняти олам чунон дон аз азал.

Чун амал орӣ, шаҷар биншондий,

Андар охир ҳарфи аввал рондӣ.

Як замон бекор натвонӣ нишаст,

То бадий ё некие аз ту наҷаст!

Ғуломи аввалӣ, ки аз гармоба баромад, шоҳ дуввумиро ба гармоба фиристод ва ба аввалӣ гуфт: Ту бо ин хушрӯй, ки дорӣ, ҳама аз дидорат хушнуд мешаванд. Аммо намедонам чаро дӯсти ту аз ту бад мегуфт, ки одами бевафо ва ноҷавонмард ҳастӣ!

Ғулом хашмгин шуду фарёд зад: - Ӯ ҳамеша душмани ман будааст ва чун саге дунболи ман афтодааст ва аз ӯ бисёр бад ёд кард.

Шоҳ бонг зад, ки камтар ёва бигӯ!

Гуфт: “Донистам туро аз вай бадон.

Аз ту ҷон гандасту аз ёрат даҳон!”

Бо ин ҳарфҳо туро шинохтам. Ту ҷонат гандида аст ва аз ботин бадӣ, агарчи рӯи зебо дорӣ ва ӯ агарчи даҳонаш бадбӯст, ҷонаш тоза асту фариштае аст бо чеҳрай одами. Акнун сазои ту ин аст, ки ҳамеша фармонбару зердасти ӯ бошӣ ва ҳар чи бигӯяд, бикунӣ. Ӯ бар ту амиру фармонравост ва ту зердасти ӯстӣ.

 

Сурати зоҳир фано гардад бидон,

Олами маъни бимонад ҷовидон.

Чанд бозӣ ишқ бо нақши сабӯ?

Бигзар аз нақши сабӯю об ҷӯ.

Сураташ дидӣ, зи маъно ғофилӣ,

Аз садаф дурре гузин, гар оқилӣ!

Аз “Ҳикоёти Маснавии маънавӣ”

Аз “Ҳикоёти Маснавии маънавӣ”

Tojikon.org

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст