Торикии шаб уфуқро фаро гирифта буд ва хомуши дар тамоми дунё ҳукм мекард. Ҳангоми он расида буд, ки ҷондорон дар хобгоҳҳои худ ба истироҳат бипардозанд; ва барои муддати маҳдуде, чашм аз мазоҳири табии бипушанд ва барои фаолияти рӯзонаи худ, таҷдиди қуво кунанд.

Шахси Паёмбари Бузурги Ислом(с) низ аз ин номуси табии мустасно набуд. Ӯ мехост пас аз адои фариза, ба истироҳат бипардозад вале як мартаба садои ошоное ба гуши ӯ расид, он садо аз Ҷабраил, амини ваҳй буд, ки ба ӯ гуфт имшаб сафари дуру дароз дар пеш доред ва ман низ ҳамроҳи ту ҳастам то нуқоти мухталифи гетиро бо маркаби фазопаймои ба номи Буроқ бипаймоед.

Паёмбари Гироми(с) сафари бо шукуҳи худро аз хонаи хоҳараш, Умми Ҳони оғоз кард ва бо ҳамон маркаб ба сӯи Байтул Муқаддас, ки онро Масҷидул Ақсо низ меноманд равона шуд ва дар муддати бисёр кутоҳе дар он нуқта поин омад ва аз нуқтаҳои мухталифи масҷид ва Байтуллаҳм ки зодгоҳи ҳазрати Исои Масеҳ(а) аст ва манозили анбиё ва осору ҷойгоҳҳои онҳо дидан ба амал овард; ва дар бархе аз манозил дур ракъат намоз гузорад.

Сипас қисмати дуввум аз барномаи худро оғоз фармуд. Аз ҳамон нуқта ба сӯи осмонҳо парвоз намуд; ситорагон ва низоми ҷаҳони болоро мушоҳида кард; ва бо арвоҳи паёмбарон ва фариштагони осмони сухан гуфт ва аз марокази раҳмат ва азоб (биҳишт ва дузах) боздиде ба амал овард; дараҷоти биҳиштиён ва ашбоҳи дузахиёнро аз наздик мушоҳида фармуд; ва дар натиҷа аз румузи ҳасти ва асрори ҷаҳони офариниш ва вусъати олами хилқат ва осори қудрати бепоёни Худо комилан огоҳ гашт. Сипас ба сайри худ идома дод ва ба Садратул Мунтаҳо расид ва онро саропо пушида аз шукуҳ ва ҷалол ва азамат дид. Дар ин ҳангом барномаи вай поён ёфт, сипас маъмур шуд аз ҳамон роҳе, ки парвоз намуда буд бозгашт намояд. Дар муроҷиат низ дар Байтул Муқаддас фуруд омад ва роҳи Макка ва ватани худро дар пеш гирифт ва дар байни роҳ ба корвони бозаргони Қурайш бархурд, дар ҳоле ки онон шутуреро гум карда буданд ва ба дунболи он мегаштанд ва аз обе, ки дар миёни зарфи онҳо буд қадре хурда ва боқимондаи онро ба рӯи замин рехт ва бино ба ривояте сарпуше рӯи он гузорад ва аз маркаби фазопаймои худ дар хонаи Умми Ҳони пеш аз тулуъи фаҷр поин омад ва барои аввалин бор, рози худро ба ӯ гуфт ва дар рӯзи ҳамон шаб, дар маҷомеъ ва маҳофили Қурайш, парда аз рози худ бардошт. Достони Меъроҷ ва сайри шигифтангези ӯ ки дар фикри Қурайш амри номумкин ва муҳоле буд, дар тамоми марокиз даҳан ба даҳан гашт ва сарони Қурайшро беша аз ҳама асабони намуд.

Қурайш ба одати деринаи худ ба такзиби ӯ бархостанд ва гуфтанд: Дар Макка касоне ҳастанд, ки Байтул Муқаддасро дидаанд; агар рост мегӯи, кайфияти сохтмони онҷоро баён кун. Паёмбар(с) на танҳо хусусиёти сохтмони Байтул Муқаддас рух дода буд бозгӯ намуд ва гуфт: Дар миёни роҳ ба корвони фалон қабила бархурд намудам ва шутуре аз онҳо гум шуда буд; ва дар миёни асосия онҳо зарфе пур аз об буд ва ман аз он нушидам ва сипас онро пушонидам ва дар нуқтае ба гуруҳе бархурдам, ки шутуре аз онҳо рамида ва дасти он шикаста буд. Қурайш гуфтанд: Аз корвони Қурайш хабар деҳ, гуфт онҳоро дар Танъим  (ибтидои Макка аст) дидам ва шутури хокистари ранги дар пешонпеши онҳо ҳаракат мекард ва каҷовае рӯи он гузорда буданд ва акнун вориди шаҳри Макка мешаванд, Қурайш аз ин хабарҳои қатъи сахт асабони шуданд ва гуфтанд акнун сидқу кизби гуфтори ӯ барои маълум мешавад. Вале чизе нагузашт, корвон вориди шаҳр шуд ва гузоришҳои он ҳазратро тасдиқ намуданд.

Ончи гуфта шуд; иҷмол ва ихтисоре аст аз ончи дар китобҳои тафсир ва ҳадис ҳам ба ин матлаб ишора шуда аст метавонанд ба онҷо муроҷиа намоянд.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст